Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 May 2010

3 майи соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама масоили татбиқи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз фарогири  нишондодҳо дар шаҳри Душанбе ва тарҳрезии нақашаву чорабиниҳои шаҳрдорӣ дар ин самт матраҳ гардида, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои ҳаёти хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама вазъи сифати таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт бо инобати Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардидани соли равон, аз рафти татбиқи мақсадноки барномаҳои ҳукуматӣ оид ба компютеркунонии мактабҳо, вусъати барномаҳои таълимӣ  дар ин самт  ва ҳолати насбу бархурдории мактабиёни пойтахт аз шабакаи Интернет ва ҷалби омӯзгорони касбӣ дар ин ҷода, гузориши комиссияи депутатӣ шунида шуд.

Бо хулоса аз таҳлилҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулини соҳаро ба он нигаронид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кумитаҳои падару модарон ҷиҳати интизом ва ҷалби ҳарчӣ бештари мактабиён ба донишомӯзӣ, ҷавобан ба ғамхориҳои шаҳрдорӣ оид ба хавасмандсозию шароитҳои фароҳамовардаи моддию техникӣ, тадбирҳои судманд андешанд.

Сипас, бо баррасии  рафти татбиқи лоиҳаи бо ҳисобкунакҳои электронии барқӣ таъмин кардани муштариёни шаҳри Душанбе аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» зикр гардид, ки иҷрои амали мазкур дар мӯҳлатҳои муқарраркардашуда бо дарназардошти муқаррароти қонунгузории кишвар оид ба ҳимояи ҳууқуқи истеъмолкунандагон ба сомон расонида шавад.

Дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби дар марзи шаҳр ҷоригардида оид ба саривақт баррасӣ ва ҳаллу фасл намудани муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъкидҳо сурат гирифта, бобати тақвияти фаъолияти масъулин дар ин самт мутобиқ ба анъаноти шаҳрдорӣ муқаррар гашт, ки мулоқотҳои муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва дигар роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо таври мақсаднок ташкил карда шавад.

Бо ин мақсад дастур гардид, ки моҳе як маротиба рӯзҳои шанбе соати 8-00 дар таносуби ноҳияҳо ва  ҳар шанбе дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо барои дарёфти таклифу пешниҳодот ё худ баррасии муроҷиати шаҳрвандон «Рӯзи шаҳр» доир карда шавад.

Ҳамзамон зикр ёфт, ки  бо вуҷуди ҳамарӯза тариқи почтаи электронӣ (dushanbe80@yahoo.com) ибтидо аз 13 октябри соли 2005 ҳамчун қабули шахсӣ баррасии муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр сурат гирифта, иҷроиши ҳар кадоме зери назорати бевоситаи шаҳрдор мебошад, шаҳрвандон имкон доранд, ки ҳар рӯзи душанбеи ҳафтаи сеюми моҳ тавассути номнависии қаблӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати баррасии масъалаашон дар ҷаласаи васеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе шахсан ширкат варзанд. 

Дар сурати аз ҷониби муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо тибқи тартиби муқарраргардида ҳалли худро пайдо накардани муроҷиати шаҳрвандон онҳо рӯзҳои шанбе аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе қабул карда мешаванд.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо мақсади мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва дастгирии шаҳрдорӣ оид ба ташаббусҳои бунёдкоронаи шахсони воқеию ҳуқуқӣ дастур фармуд, ки низоми мавҷудаи таҳияи Қарорҳои Раиси шаҳр дар самти иҷозат додан барои лоиҳакашию сохтмон ва азнавсозии иншооти аз ҷониби субъектҳои ташаббускор, ки аз буҷаи шаҳрӣ маблағро талаб наменамояд, то ҳадди ақал содда карда шавад.

Дар ҳамин радиф зикр гашт, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи сокинони ноҳияи И. Сомонӣ, ки  бозори «Баракат» аз мавзеи мавҷуда тибқи Нақшаи генералии шаҳр кӯчонида мешавад, барои сохтмони бозори нав, ки на кам аз се ошёна бо тамоми инфраструктураи муосир дар минтақаи кӯчаи Сурхоб дар масоҳати 3.7 га қитъаи замин бунёдаш пешбинӣ гардидааст, озмуни кушод эълон  карда мешавад.

Дар робита ба ин ба муовини Раиси шаҳри Душанбе А. Шералиев ва масъулини бозорҳои шаҳри Душанбе дастур гардид, ки дар мӯҳлати ду ҳафта барои соҳибкорони дар бозори «Баракат» фаъолияткунанда аз дигар бозорҳои шаҳрӣ барои идомаи фаъолияташон ҷой ҷудо намоянд.

Гузашта аз ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба вазъи санитарию экологии шаҳр ва фаъолияти ҳамарӯза аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ дар ин самт оид ба иҷрои қарори Раиси шаҳр анҷомгиранда таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ҷиҳати тақвияти корҳо ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрнишинии сокинон дастур фармуд, ки то 6 май дар ҳама 1347 нуқтаҳои партовҷамъкунии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо  насби овезаҳои соати барориш, масъули назорати тозагӣ ва ҳаҷми ҷарима барои хилофкорони риояи тартиботи санитарӣ дар партовгоҳҳоро таъмин сохта, ҷаримабандии шахсони вайронкунадаи тартиботро бо инъикос тариқи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ тибқи қонунгузории амалкунанда пурзӯр созанд.

Ҳамзамон, тибқи талаботи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки огоҳонидани қаблии сокинон оид ба бартарафсозии бинои истиқоматии воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 67 сурат  гирифтааст, ба сохторҳои дахлдори шаҳрӣ дастур гардид, ки дар мӯҳлати ду ҳафта дар ҳамоҳангӣ бо соҳибмулкон  ва таъмини онҳо бо квартираҳо дар асоси талаботи қонунгузории амалкунанда масъалаи бартафсозии иншооти мазкурро таъмин сохта, накшаи ободонии мавзеи зикргардида  шурӯъ карда шавад.

Дар ҷаласа раиси Кумитаи омори шаҳри Душанбе А. Насриддинов аз вазифа сабуқдӯш гардида, ба ҳамаи муовинони Раиси шаҳр,  раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои шаҳрию мудирони шӯъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  дастур гардид, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ потенсиали мавҷудаашонро ба пуррагӣ сафарбар сохта, дар пешрафти низоми хоҷагидории соҳаҳои фарогири масъулияти хизматиашон муваффақ гарданд. Дар сурати акс нисбати ҳар кадоме бо натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсола тадбирҳои ташкилӣ андешида хоҳад шуд.

Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Ш. Саидов