Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 November 2013

Дар бораи гузаронидани машқҳои ҳарбӣ   

бахшида ба савгандёдкунии Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

       Муроҷиати Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1/524 аз 7 ноябри соли 2013 оид ба додани иҷозат барои гузаронидани машқҳои хизматчиёни ҳарбӣ - иштироккунандагони паради ҳарбӣ бахшида ба савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз 9 то 16 ноябри соли 2013 ҳамарӯза аз соати 2000 то 2400  дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе гузаронидани машқҳои хизматчиёни ҳарбӣ-иштироккунандагони паради ҳарбӣ бахшида ба савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад.

2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар рӯзҳои гузаронидани машқҳо интизоми баланди ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳолати санитарию эпидемиологиро дар маҳалли баргузории машқҳо ва ҳудудҳои ҳамшафати онҳо таъмин намояд.

3.Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе ҳаракати пиёдагардон ва воситаҳои нақлиётро дар мавзеи баргузории машқҳо қатъиян мувофиқи вақти муқарраргардида маҳдуд ва таѓйир дода, чораҳои иловагиро ҷиҳати таъмини бехатарии шаҳрвандон ва иштирокчиёни он дар рӯзҳои баргузории машқҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намоянд.

4. Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси муҳтавои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

                                                                     М.УБАЙДУЛЛОЕВ