Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 November 2013

Нимаи дуюми 18 ноябри соли 2013 вохӯрии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр бо 27 нафар соҳибмулкони биноҳои истиқоматии дуошёна ва иншооти воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 124, 126, 128, 130 ва 130 а   сурат гирифт.  

Зимни вохӯрӣ Раиси шаҳр ба соҳибмулкон пеш аз ҳама дурнамои рушди меъмории қисмати марказии шаҳрро шарҳ дода, зарурати татбиқи Нақшаи генералӣ ва дар ин росто барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифтани қитъаҳои замини иншооти камошёнаи мавҷударо фаҳмонида, бобати мароми ягонаи шаҳрдорӣ - зимни омодасозии санадҳои дахлдор, яъне мусоидат ба интихоби озодонаи соҳибмулкон дар гирифтани ҷуброни арзиши бозории амвол ё худ квартираҳои баробарарзиш  ба ҳеҷ ваҷҳ ба поймол намудани ҳуқуқҳои соҳибмулкон роҳ надодан, таъкид намуд.

Зимни суҳбати ошкоро ва самимона сокинон аз мавқеъ ва мароми шаҳрдорӣ оид ба ободонии шаҳр ҷонибдорӣ карда, аз пешниҳодоти Раиси шаҳр: то анҷоми сохтмони иншооти пешбинигардида кӯчидан ба квартираҳои моликияти коммуналӣ бе пардохти музди иҷораи  истифодаи  он бо пардохтҳои ҳатмии коммуналӣ ва ҳангоми ба итмом расидани сохтмони биноҳои баландошёнаи 12-14 ва 16 ошёна дар маркази шаҳр бо квартираҳои барбарарзиш таъмин гардидан, ҷонибдорӣ намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти тафоҳумоти ба миёномада, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибмулкон ба масъулини шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки заминаҳои ҳуқуқии ин тафоҳумот тариқи нотариалӣ ва бо қарорҳои Раиси шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба расмият дароварда шаванд.