Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 May 2010

Субҳи 11 майи соли 2010 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти Раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати кӯмак расонидан ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои марбута машваратӣ корӣ баргузор гардид.

Дар машварат таъкид шуд, ки дар партави ҳидоятҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва кӯмак ба сокинони аз офат зарардидаи кишвар бояд ҳамагон саҳм бигиранд.

Аз ин лиҳоз, бояд сокинони пойтахт низ дар ин самт тавре, ки Саъдии бузургвор фармудааст:

Чу узве ба  дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

набояд дар канор бошанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев  зикр намуд, ки  аз ҷониби шаҳрдорӣ ҷиҳати дастгирии сокинони аз офат зарардидаи шаҳри Кӯлоб то 1 октябри соли равон 100 хона бунёд карда, ба истифода дода хоҳад шуд.

Дар ин замина Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба шахсони мансабдор ва роҳбарони сохторҳои марбута дастуру супоришҳо дода,  афзуд, ки  ҷиҳати кӯмакрасонӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз ҳисоби сохторҳои Раёсати савдо ва бозорҳои шаҳр ва соҳибкорони пойтахт маводи ғизоӣ ва дигар ашёҳои рузгузарони ба шаҳри Кӯлоб равон карда мешавад.

Дар робита бо ин ба муовини Раиси шаҳри Душанбе А.Шералиев ва сардори  Раёсати савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе А.Ризоев дастур дода шуд, ки ба таври доимӣ фаъолияти зарурӣ ва ҳамкории зичро бо соҳибмулкони бозорҳои хусусӣ ва соҳибкорони саховатпеша барои расонидани кӯмак ба сомон расонанд.

Ҳамзамон, дар машварати корӣ масъалаҳои дар кӯтоҳтарин фурсат оғоз бахшидан ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ аз рӯи лоиҳаҳои маъмултарин бо роҳи баргузории тендер ба сокинони аз офат зарардидаи шаҳри Кӯлоб матраҳ гардида, ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.

Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе