Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 November 2013

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 648 аз 21.11.2013

 

Дар бораи баргузории «Ҳафтаи байналхалқии

Евроосиёии мӯд» дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади ташаккули эҳсоси зебоишиносии ҷавонон, пайвастан ба арзишҳои умумибашарӣ ва раванди мӯди муосири ҷаҳон, инчунин ғанӣ гардонидани анъанаҳои миллӣ, мусоидат баҳри фароҳам овардани имкониятҳои шинохти бозёфти дигар халқҳо дар ин самт  ва дар сатҳи шоиста баргузор намудани «Ҳафтаи байналхалқии Евроосиёии мӯд» дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

 

Қарор мекунам:

 1.Пешниҳоди Хонаи мӯди «М-Style» вобаста ба баргузор намудани «Ҳафтаи байналхалқии Евроосиёии мӯд» дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 7-9 декабри соли 2013 ҷонибдорӣ карда шавад.

 2.Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузории «Ҳафтаи байналхалқии Евроосиёии мӯд» дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

 3.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев М.Д.) аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидаанд, ба Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе (Одинаев Ҷ.Т.)  барои дар сатҳи баланд доир намудани ин чорабинӣ 38150 (сию ҳашт ҳазору яксаду панҷоҳ) сомонӣ мутобиқи хароҷотномаи замимагардида ҷудо намояд. (Замимаи №2)

 4.Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудогардидаро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

 5.Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Хонаи мӯди «М-Style» барои дар сатҳи баланд доир намудани ин чорабинӣ  тадбирҳои мушаххас андешанд.

 6.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

 7.Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе (Бузмаков А.А.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии  амнияти  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷойҳои баргузории ин чорабинӣ  тадбирҳои лозимӣ андешанд.

 

8.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М.Убайдуллоев

 


Замимаи №1

ба  Қарори  Раиси  шаҳри  Душанбе

№ 648 аз 21.11.2013


Н А Қ Ш А И

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва баргузории «Ҳафтаи байналхалқии Евроосиёии мӯд» дар шаҳри Душанбе

 

 

Номгӯи чорабиниҳо

 

 

Мӯҳлат

 

Иҷрокунандагон

 

Масъули назорат

1

Ифтитоҳи расмии «Ҳафтаи байналхалқии Евроосиёии мӯд» дар меҳмонхонаи «Хайат реҷенсӣ»

 

 8 декабри соли 2013

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Хонаи мӯди «М-Style»

 

 

Раҳимова С.Ҳ.

2

Ташкил ва баргузории намоиши мӯд дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

9 декабр

Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Хонаи мӯди «М-Style»

 

 

Раҳимова С.Ҳ.

3

Омода намудани тӯҳфаҳои хотиравӣ, диплом ва ёддоштномаҳо барои тақдим ба иштирокдорони чорабинӣ ва таҳияи барнома, даъватнома. рухсатномаву дигар маҳсулоти чопӣ дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе

то 4 декабри соли 2013

Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе, Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо ҷалби соҳибкорон

 

 

Назаров Б.М.

4

Таҳияи ролики тарғиботӣ оид ба «Ҳафтаи байналхалқии Евроосиёии мӯд» инчунин ташвиқу тарғиб ва  инъикоси он тавасути васоити ахбори омма

дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории чорабинӣ

Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Идораи рӯзномаи «Паёми Душанбе»

 

Раҳимова С.Ҳ..

5

Ташвиқу тарғиби чорабинӣ тавассути мониторҳои дар майдонҳои шаҳри Душанбе насбгардида ва таъмини асбобҳои пахши рӯшнову лазерӣ дар толори меҳмонхонаи «Хайат реҷенсӣ»

 

дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории чорабинӣ

Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе», Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Раҳимова С.Ҳ.

6

Таъмин намудани чорабиниҳо бо асбобҳои пахши садо

 

7-9 декабри соли 2013

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

Раҳимова С.Ҳ.

7

Таъмин намудани чорабиниҳо бо асбобҳои пахши рӯшноӣ ва мониторҳо

 

то 6 декабри соли 2013

Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»

Раҳимова С.Ҳ.