Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 December 2013

2 декабри соли 2013 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама назди фаъолони пойтахт бобати ҷараёни татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти манъ доштани  парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе, маротибаи дигар гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Н. Хайруллоев шунида  шуд.

Идома ба он, тибқи дастури шаҳрдорӣ раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ - Сатторӣ Иззатулло ва сардухтури Раёсати  назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе аз фаъолияти анҷомгирифта дар ин самт оид ба инвентаризатсияи чорво ва дигар ҳайвоноти нигаҳдошташон дар марзи пойтахт мамнуъбуда иттилоъ доданд.

Новобаста аз ин гузоришҳои масъулин, ки ҳамдигарро тақвият бахшида, иҷрои якмароми қонуни мазкурро дар марзи шаҳр  аз ҷониби сокинон собит месохтанд, Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати воқеияти оморҳои мавҷуда нигаронӣ намуда, муқаррар сохт, ки фаъолияти тамоми комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар муҳлати ду ҳафта барои дар ҷойҳо тавассути гузашти сартосарии манзилҳои индивидуалии сокинони маҳаллаҳои шаҳр сафарбар гардида, ин раванд тариқи Муассисаи давлатии “Телевизиони пойтахт” муфассал инъикос ва нисбати сокинони хилофкор чораҳои қатъӣ аз ҷониби мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ татбиқ карда шаванд.

Дар ин зимн, ҳамзамон комиссияҳои марбута  муваззаф карда шуданд, ки ҳолати аз ҷониби ноҳияҳои шаҳр нигаҳдорию истифодаи роҳҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳоро  низ мавриди санҷиш қарор диҳанд. 

Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои  ғановати бозори истеъмолии шаҳр бо маҳсулоти ниёзи аввалия, риояи танзими расму оин дар шаҳр, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ҳолати санитарию эпидемиологӣ, барориши саривақтии баргу хазонҳо, омодагиҳои аҳли ҷамоатчигӣ ба мавсими зимистон ва ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе  мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдор қарор гирифта, вобаста ба ҳар кадом масъалаҳо ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардиданд.

Бо дахли масоили вусъати корҳои сохтмонӣ ва беҳбудбахшии намои меъмории шаҳр, ки ҷавобгӯи талаботи Нақшаи генералӣ мебошад, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки феълан дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии пойтахт таҷдиди қисмати марказии шаҳр, шуруъ аз кӯчаҳои А. Дониш, С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ бо истифодаи аз потенсиали молиявии соҳибкорӣ ва шаҳрдорӣ бо суръати баланд идома дорад.

Дар ин росто шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст дар марҳилаи феълӣ зарфиятҳои худ ва тамоми шахсони воқеиву ҳуқуқии ба сохтмон таваҷҷуҳдоштаро танҳо барои амалисозии Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр равона созад.

Аз ин рӯ аз кулли хоҳишмандони иштирок дар барномаҳои сохтмонии шаҳр даъват ба миён овард, ки вобаста  ба ин муқаррарот дархостҳояшонро ба баррасии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ирсол созанд.

Бо дарназардошти ин воқеият ва бинобар сабаби зимни ба амалбарории Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр эҳтиёҷ доштани шаҳрдорӣ ба квартираҳои озод, дар ҷаласа қарор гардид, ки дигар дар шаҳр квартираҳои моликияти коммуналӣ барои истифодаи иҷоравӣ ба шаҳрвандон дода нахоҳад шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт ва дар доираи салоҳияти шаҳрдор муроҷиати ҳар кадоме баррасию қонеъ  карда шуданд.