Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 December 2013

Оиди амалисозии лоиҳаи «Дастгирии идораи

боустувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе»

 

Муроҷиати намояндагии Барномаи Рушди Созмони милали Муттаҳид дар Тоҷикистон вобаста ба амалисозӣ ва таъмини иҷрои Қарори ҷаласаи Кумитаи машваратии лоиҳаи Фонди глобалии экологии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид «Дастгирии идораи боустувории нақлиёт дар шаҳри Душанбе» аз 2 августи соли 2013 таҳти №45-95 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қарор мекунам:

 

1. Нақша - чорабиниҳои замимагардида оиди амалисозии лоиҳаи «Дастгирии идораи боустувори нақлиёт дар шаҳри Душанбе» тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки маблағгузории корҳои дар бандҳои нақша-чорабиниҳои замимагардида овардашуда аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет амалӣ карда мешаванд.

3. Ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. ваколат дода шавад, ки ба Меморандум оиди ҳамкорӣ байни Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе имзо гузорад. 

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ