Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 December 2013

Дар бораи додани иҷозат ба Муассисаи давлатии

«Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи

маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

оид ба баргузории озмуни интихоби ташкилоти лоиҳакаш

 

Бо мақсади таъмин намудани шароити мусоид ва бехатари истироҳат барои  кӯдакону наврасони пойтахт тавассути бунёд намудани боғи фарҳангу фароғатии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир ва  бо дарназардошти протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №332 аз 29 ноябри соли 2013, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 23 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1.                Ба     Муассисаи      давлатии   «Раёсати    сохтмони   асосӣ» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Анваров С.С.) ҳамчун фармоишгар барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ – харҷномавии иншооти «Ободонии Боғи кӯдакон» бо назардошти таҷдид ва азнавсозӣ иҷозат дода шавад.

2.                Комиссияи        тендерии     аз    тарафи       Воҳиди             хариди

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳодгардида оид ба интихоби лоиҳакашони асосии ҳуҷҷатҳои ҷустуҷӯӣ, лоиҳавӣ ва харҷномавии иншооти мазкур дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва тибқи шартҳои замимагардидаи озмун баргузории тендерро тариқи иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд.

3.                Воҳиди         хариди           Мақомоти   иҷроияи        маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Шарипова Г.Х.) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Анваров С.С.) мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда эълон ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер таъмин намояд.

4.                Сарраёсати      молияи     шаҳри       Душанбе     (Кенҷаев Д.М.)

маблағи хароҷоти таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ – харҷномавии иншооти мазкурро аз ҳисоби маблағҳои барои корҳои лоиҳакашӣ–муҳаққиқии ҷудогардидаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пардохт намояд.

5.                Назорати иҷрои Қарори мазкур  ба  зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини  Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

                                                                         739   аз  13.12. 2013

 

Шартҳои

озмуни кушод оид ба интихоби лоиҳакашони асосии

ҳуҷҷатҳои ҷустуҷӯӣ, лоиҳавӣ ва харҷномавии иншооти

«Ободонии Боғи кӯдакон бо назардошти таҷдид ва азнавсозӣ»

 

1.     Ҳолатҳои умумӣ

1. Озмун бо ширкати лоиҳакашони ватанию хориҷии салоҳиятнок баҳри дарёфти беҳтарин таҳиягари лоиҳаи ҳуҷҷатҳои ҷустуҷӯӣ, лоиҳавӣ ва харҷномавии иншооти «Ободонии Боғи кӯдакон бо назардошти таҷдид ва азнавсозӣ», ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (кӯчаи Шотемур) ҷойгир шудааст, баргузор карда мешавад.

2. Мақсади асосии озмун аз дарёфти беҳтарин лоиҳа ҷиҳати  таъмин намудани шароити мусоид ва бехатари истироҳат барои  кӯдакону наврасони пойтахт тавассути бунёд намудани боғи фарҳангу фароғатии ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир ва интихоби  лоиҳакаши дорои салоҳияти касбӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

3. Муҳлати пешниҳоди дархостҳо бо қайди «Барои озмун» ҷиҳати иштирок:  аз 20 декабри соли 2013 то 01 феврали соли 2014.

4. Шахси қабулкунандаи дархостҳо ва суроғаи ҳуқуқии он: - Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар:       734018, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 24, (почтаи электронӣ: e-mail: zokirk@yandex.ru)

5. Дархостҳои пешниҳодшуда дар китоби алоҳида бо санаи дохил шудани он ба қайд гирифта шуда, дархостҳои баъди санаи дар банди 3-уми шартҳои мазкур пешниҳодгардида қабул ва баррасӣ намегарданд.

 

2.     Номгӯи ҳуҷҷатҳои ба довталабон пешниҳодшаванда:

 

а) Қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи додани иҷозат ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баргузории озмуни интихоби ташкилоти лоиҳакаш”

б) Нақшаи иншооти “Боғи кӯдакон”.

3. Номгӯи ҳуҷҷатҳои аз ҷониби довталабон пешниҳодшаванда:

      Довталабон ба Комиссияи озмунӣ мактуби ёддоштӣ дар ҳаҷми на кам аз 2 саҳифаи чопӣ ирсол намуда, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба он замима намоянд:

       1.Иҷозатнома (Литсензия) барои фаъолияти лоиҳакашӣ;

       2.Харҷномаи  корҳои лоиҳакашии иншоот;

       3.Маълумот оиди корҳои қиёсии иҷронамудаи довталаб бо тавсияҳои (отзыв) фармоишгар;

       5.Муҳлати иҷрои корҳои лоиҳавӣ-харҷномавӣ;

       6.Варақаи маънидодӣ (на камтар аз ду саҳифа);

       7.Нақшаи ангории иншоот.

      Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд дар дохили лифофа, ки дар тарафи чапи   он номи рамзӣ (девиз) иборат аз 5 ҳарф ё 5 рақам сабт шудааст, мавҷуд бошанд (баландии  навиштаҷот 20 мм-ро ташкил диҳад).

     

4.Тартиби баррасии дархостҳо ва ҷамъбасти озмун:

1.       Дархостҳоро Комиссияи озмунӣ дар ҷаласаи худ 05 феврали соли 2014 баррасӣ менамояд.

2.       Муҳокима ва таҳлили дархостҳо ба таври озод сурат гирифта, довталабе ғолиби озмун эътироф мегардад, ки ба шартҳои озмун пурра ҷавобгӯй буда, лоиҳаи беҳтаринро пешниҳод намояд.

3.       Комиссия ғолиби озмунро дар асоси овоздиҳии кушод муайян менамояд. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раискунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад.

4.       Раванди ҷаласа ва Қарори комиссия дар протокол сабт мегардад ва фавран барои қабули қарори дахлдор ба роҳбари ташкилоти харидор - Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.