Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 January 2014

      Бо мақсади дар пойтахт ба тартиб даровардани корҳои номгузорӣ, дигар кардани номи кӯча, маҳалла, хиёбон, боғу гулгаштҳо ва майдонҳо ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №187 аз 1 апрели соли 2010 «Дар бораи чораҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе», мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ» ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

                                      ҚАРОР     МЕКУНАД:

1. Номи маҳаллаи Авул 2 шаҳри Душанбе ба номи Ободкорон  иваз карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино (Сафаров З.А.)  бақайдгирии сокинони маҳаллаи мазкурро анҷом дода, дар он нишонаҳои марбутаро насб созад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ гузошта шавад.

 

            Раиси

    Маҷлиси вакилони

    халқи шаҳри Душанбе                                   М.  УБАЙДУЛЛОЕВ