Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 May 2010

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории пойтахт расонидани кўмакҳои башардўстонаи худро ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кўлоб идома медиҳанд. 

Ба ҷуз расонидани  зиёда аз 185 ҳазор сомонӣ кўмаки молиявии нақдӣ ва 90 тонна орд дар рўзҳои 8 ва 11 майи соли равон,  субҳи имрўз 15 май тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев № 279   аз 14 майи соли 2010 кўмаки башардўстона, аз қабили 10 тонна орди навъи якум,  4 тоннагӣ  картошка ва пиёз, 2 тоннагӣ сабзиву карам ва як тоннагӣ биринҷ, шакар ва равғани растанӣ ба маблағи зиёда аз 37 ҳазор сомонӣ ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кўлоб аз ҷониби КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» равон карда шуд, ки чунин иқдом ҳар ҳафта рўзҳои шанбе аз ҷониби  корхонаи мазкур анҷом дода мешаванд ва бояд хотирнишон сохт, ки кўмакҳои шаҳрдории Душанбе ва соҳибкорони пойтахт бо расонидани маводи ғизоӣ анҷом намепазиранд.

Тибқи Қарори мутазаккираи Раиси шаҳри Душанбе, ки дар асоси ташаббуси шаҳрдорӣ ва ҳамраъйии субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории шаҳр ба тасвиб расидааст, дар асоси лоиҳаҳои дахлдори бо соҳибмулкон мувофиқашаванда, барои сокинони шаҳри Кулоб, ки бар асари офати табиии рўзи 7 май мутаассифона бесарпаноҳ мондаанд, 120 адад манзили истиқоматии муҷаҳҳаз бо ашёи зист, ҳар кадоме бо арзиши 100 ҳазор сомонӣ то 1 сентябри соли 2010  ба маблағи беш аз 12 млн. сомонӣ  бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки  корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур рўзҳои аввали ҳафтаи оянда таври муташаккилона оғоз хоҳанд гашт.

Ҳамзамон маврид ба зикр аст, ки  аз 13 майи соли равон барои таъминот бо оби ошомиданӣ ва нигаҳдошти вазъи санитарию эпидемиологии варзишгоҳи Марказии шаҳри Кўлоб, ки  айни ҳол сокинони бесарпаноҳмонда дар мавзеи мазкур муваққатан дар палаткаҳо умр ба сар мебаранд ду адад автомошинаҳои махсуси коммуналии пойтахт таври шабонарўзӣ барои оилаҳои осебдидагон хизмат мерасонанд.

Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе