Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 January 2014

20 январи соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеи масъулини сохторҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ баргузор гардид.

Ҷаласа дар партави хулосаҳо аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат зимни  натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомёфта оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2013 ироагардида доир гашт,  ки дар  иртибот ба он аз ҷониби М. Убайдуллоев ҷиҳати пешбурди ҳаёти хоҷагидории шаҳр мувофиқ ба иҷрои барномаҳои тибқи қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз 19 декабри соли 2013 барои  соли 2014 қабул ва тасдиқ гардида, масъалагузориҳои амиқ  сурат гирифт.

Қабл аз ҳама  таваҷҷуҳи масъулин ба иҷрои босифати  корҳои бунёду азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва ҷории хиёбону кӯчаҳо ва пиёдароҳҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо нигаронида, дастур фармуд, ки потенсиали мавҷуда баҳри иҷрои пай дар пайи  нақшаҳои ободонӣ, ки дар соли ҷорӣ – соли истиқбол аз 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бо фарогирии соҳаҳои гуногуни  шаҳрдорӣ тасдиқ гаштаанд, сафарбар  карда шавад.

Дар ин росто, бо дахли масоили рушди меъморӣ ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳр, ки тибқи барномаҳои шаҳрсозӣ дар соли ҷорӣ амалӣ  мешаванд, зикр гардид, ки таваҷҷуҳи бештар ва зарфиятҳои мавҷуда ба беҳбудбахшии намои меъморӣ ва рушди сохтмон бо сафарбарсозии имкониятҳои буҷети шаҳр ва сармояҳои соҳибкорӣ қабл аз ҳама дар қисмати марказии шаҳр бо риояи талаботи қонунгузорӣ ва эҳтиромгузорӣ ба ҳуқуқҳои соҳибмулкони иншооти мавҷуда вусъат дода мешаванд. 

Идома бар он, дар соли ҷорӣ баҳри тавсеаи тадбирҳо оид ба рушди соҳаи маорифи шаҳр, қабл аз ҳама зиёд намудани теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба баррасии лоиҳаҳои сохтмонии муассисаҳои хусусии томактабӣ идома дода мешавад. Аз ин рӯ аз кулли хоҳишмандони иштирок дар барномаҳои сохтмонии шаҳр даъват ба миён оварда шуд, ки вобаста  ба ин муқаррарот дархостҳояшонро ба баррасии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ирсол созанд.

Ҳамзамон ба муовинони соҳавӣ ва роҳбарони сохторҳои марбута дастур фармуд, ки бобати аз рӯи таъинот дубора мавриди истифода қарор додани муассисаҳои томактабие, ки феълан аз ҷониби дигар субъектҳо дар ҳоли истифодабарӣ мебошанд чораҳои мушаххас андешанд.

Инчунин дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба сифати таълиму тарбия, донишу рафтори мактабиён, риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҷоннок намудани фаъолияти кумитаҳои падару модарон нигаронида, дастур дод, ки раисони ноҳияҳо то 1 феврали соли ҷорӣ ҳолати мактабу муассисаҳои томактабиро шахсан аз назар гузаронида, ба Раиси шаҳр маълумот манзур созанд.

Нисбати қонуншиканиҳои ҷиддӣ зимни баргузории ҷашну маъракаҳо дар шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев  изҳори нигаронӣ намуда, масъулини соҳа, аҳли ҷамоатчигӣ ва васоити ахбори оммаи шаҳриро вазифадор намуд, ки баҳри расидан  ба таъмини риояи муқаррароти қонунгузории амалкунанда фаъолияти дастаҷамъонаро роҳандозӣ карда, фазои нафрату номуросокориро бо хилофкорони қонун дар шаҳр тавлид созанд.

Баҳри таъмини иҷрои сартосарии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба  манъ будани  парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, маркаб, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ѓайриистеъмолӣ дар марзи шаҳри Душанбе дар ҷаласа ба муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Н. Хайруллоев ва раисони ноҳияҳои шаҳр то 30 январи соли 2014 муҳлати ниҳоӣ муқаррар карда шуд, ки дар сурати акс нисбати ҳар кадомашон чораҳои ташкилӣ татбиқ карда хоҳад шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар ҷаласа масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ  ва аз рӯи барномаи мушаххас амалисозии он дар сатҳи шаҳр чун суоли рӯзмарра мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифта, баҳри расидан ба ин ҳадафҳо масъулин  муваззаф карда шуданд. 

Аз ҷумла, дар радифи дигар масоили хоҷагидории шаҳр дар соли шуруъгашта,  оид ба тарҳрезии фаъолияти омодагиҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати истиқболи Наврӯзи 2014 ва баргузории ҷаласаи Сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай тадбирҳои мушаххас дар ҷаласа роҳандозӣ карда шуданд.

Дар ҷаласа М.Убайдуллоев нисбати дастгирии мутахассисони ҷавон ва ротатсияи хизматчиёни давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳру сохторҳои шаҳрӣ масълагузорӣ намуда, муовинони нави Раиси шаҳри Душанбе: Қурбонова Руқия Атоевна ва Ҳакимов Низом Ҳоҷиевичро, ки дар мувофиқа бо Президенти мамлакат ба ин симмат таъин шудаанд ба фаъолони шаҳр муаррифӣ карда, барояшон дар иҷрои вазифаҳои нави хизматӣ барору масъулияти том орзу намуд.