Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 January 2014

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №617 аз 13 декабри соли 2013 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маросими савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2013 баён гардидаанд» 

Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №617 аз 13 декабри соли 2013 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маросими савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2013 баён гардидаанд», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.       Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 ноябри соли 2013 дар маросими савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардидаанд тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шавад.

2.       Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати татбиқи Нақшаи чорабиниҳои дар банди 1-и Қарори мазкур замимагардида тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3.       Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.,  муовинони Раиси шаҳри Душанбе  Қурбонова Р. А., Мансуров Ҷ. М. ва Назаров Б. М. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ