«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 February 2014

Бо Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 5 феврали соли 2014 кулли кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр, қабл аз ҳама занҳои кӯчарӯб барои заҳматҳои хастагинопазирашон дар поксозии роҳҳои нақлиётӣ ва пиёдагард аз барф ҳар кадоме бо кӯмаки якдафъаинаи шаҳрдорӣ мутаносибан 1000 сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр қадргардонӣ карда шуданд.

Субҳи 6 феврали соли 2014 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев наздики 400 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр шахсан бо ин кӯмакпулиҳо сафароз карда шуданд.

Зимни мулоқот М.Убайдуллоев бори дигар сипосмандии хешро барои эҳсоси масъулияти баланд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва шаҳрдӯстии ҳар кадоме аз кормандони ин соҳаи хоҷагидории шаҳр баён дошта, саҳми онҳоро бори дигар дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳ доштани роҳу пиёдагардҳо беназир арзёбӣ намуд.

Ҷои таъкид аст, ки дар маҷмуъ 2757 нафар аз ҷониби шаҳрдорӣ қадргардонӣ шуданд, ки нимаи дуюми ҳамин рӯз боқимонда  кормандон  дар ноҳияҳо  бевосита аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти ноҳияҳо бо ин кӯмаки шаҳрдорӣ сарафроз гардонида мешаванд, ки ин амалкард барои буҷети шаҳр 2 миллиону 757 ҳазор сомониро ташкил дод.