«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 February 2014

7 феврали соли 2014  дар Макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масъалаҳои сохтмону меъморӣ дар қисмати марказии шаҳр ва вусъатбахшӣ ба ин раванд таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа дар радифи масъулини шаҳрдорӣ инчунин роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Раиси шаҳр бо натиҷагирӣ аз ҷараёни оғози корҳои  сохтмонӣ дар таҷдиди қисмати марказии шаҳр таваҷҷуҳи фармоишгарон ва пудратчиёни иншооти бунёдшавандаро ба ҳифзу риояи ҳуқуқҳои соҳибмулкон нигаронида, маротибаи дигар таъкид сохт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ зимни ба амалбарории талаботи Нақшаи генералӣ ҳуқуқу манфиатҳои соҳибмулкон поймол карда нашавад.

Нисбати дархости фармоишгарон, ки айни ҳол дар муайян кардани соҳибмулкони квартираҳои алоҳида, ки барои ба расмият даровардани шартномаҳои дуҷониба бо вуҷуди эълонҳои қаблӣ дарёфт намуданашон мушкилот пеш омада, дар оғозбахшии корҳои сохтмонӣ монеа гардидаанд, зикр сохт, ки  роҳҳои ҳалли масъалаи мазкур аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура ва судӣ сирф дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда коркард ва мавриди истифода қарор дода шавад.