«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 May 2010

17 майи соли 2010 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Ҷаласа тибқи муқаррароти шаҳрдорӣ,  ки моҳе як маротиба бо иштироки васеи сохторҳои шаҳрӣ , ноҳиявию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони пойтахт, пеш аз ҳама роҳбарони субъектхои институтҳои шахрвандӣ- раисони ширкатҳову кооперативҳои соҳибмукони манзил ва шаҳраку маҳаллаҳо доир гардад, сурат гирифта, масоили мубрами хоҷагидории шаҳр мавриди баррасӣ қарор гашт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев пеш аз ҳама тавачҷўҳи аҳли ҷамоъатчигӣ ва институтҳои шаҳрвандии пойтахтро ба роияи фарҳанги шаҳрдориву шаҳрнишнӣ, ки аз Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва сантарӣ дар шаҳри Душанбе бармеоянд ва бо истифода аз потенсиали онҳо ба ҳифзу нигаҳдошти моликияти коммуналию ҷамъиятӣ нигаронида, таъкид ва даъват ба миён овард, ки дар иртибот ба дастовардҳои шаҳри Душанбе, ки маҳсули меҳнати дастаҷамъонаи сокинони пойтахт дар роҳи татбиқи барномаҳои давлатӣ буда, аз самари соҳибистиқлолии кишвар шаҳодат медиҳанд, дар марҳилаи кунунии шаҳрамон баҳри ѓановати он ташаббусҳои беназир намоянд.

Дар фарҷоми ҷаласа тибқи маъмулӣ Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев ба арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки аз ҷониби роҳбарони субъектхои институтҳои шахрвандӣ- раисони ширкатҳову кооперативҳои соҳибмукони манзил ва шаҳраку маҳаллаҳо ироа гардиданд, таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, бо баррасии амиқи ҳар кадоме бо муқаррар намудани мўҳлатҳо ҷиҳати рафъи масъалаҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас дод.

Аз ҷумла, ба масъулин  дастур гардид, ки ҷиҳати таъмини рўшноии даромадгоҳхои биноҳои истиқоматии баландошёна дар таносуби чор ноҳияи шаҳр дар мўҳлати як моҳ дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони манзил тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати дастрасии мўътадили маҳаллаҳои Саҳбо ва Телман бо оби нўшокӣ, корҳои санитарию профилактикӣ алайҳи шапаракхо дар шаҳр ва насби чароѓаки роҳнамо дар сероҳаи қабристони Сари Осиё  ва таъмири роҳи ин мавзеъ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор тадбирҳои воқеиро амалӣ созанд.