Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 February 2014

12 феврали соли 2014 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ноиби президенти ширкати итолиёвии «Preston&Barbieri» ҷаноби Франческо Феррариро, ки ғолиби озмуни байналхалқии эълоннамудаи шаҳрдорӣ оид ба дарёфти интихоби беҳтарин лоиҳа ва пудратчии асосии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе» гардидааст, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Раиси шаҳр аз иштирок ва ғолибияти ширкати мазкур дар озмуни байналхалқии эълоннамудаи шаҳрдорӣ пазиройӣ намуда, эътимоднокии фаъолияти ширкатро оид ба истеҳсол ва насби аттраксионҳои замонавии Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт», ки феълан мавриди истифодаи сокинон ва меҳмонони шаҳр қарор гирифтааст, махсус таъкид намуда, изҳори боварӣ кард, ки идомаи сохтмони иншооти нотамоми «Аквапарк» ва дар муҳлатҳои муқарраргардида бо сифати баланд ба истифода додани он тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон масъалаи аз ҳисоби имкониятҳои ширкат бо аттраксионҳои муосир таҷҳизонидани Боғи кӯдакони шаҳр, ки айни замон тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №739 аз 13 декабри соли 2013 «Дар бораи додани иҷозат ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баргузории озмуни интихоби ташкилоти лоиҳакаш» азнавсозӣ хоҳад гашт мувофиқа ба даст омад ва ҷонибҳо инчунин масоили истифодаи зарфиятҳои ширкати мазкур дар азнавсозии боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ ва Дӯстии Халқҳо, ҳамзамон бунёди Парки муосири Сафарӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ҳудуди он ҷойгиронии  Боғи ҳайвонотро баррасӣ намуда, нисбати роҳандозии хатти истеҳсоли аттраксионҳо ва ташкили корхонаи муштарак оид ба аз сангҳои маҳаллӣ истеҳсол намудани сангҳои ороишии роҳравҳои кӯчаҳои шаҳр   табодули назар карда, ба тафоҳум расиданд.