Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 February 2014

Дар бораи  баргузории ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо дар шаҳри Душанбе

 

           Бо мақсади баргузории ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо дар шаҳри Душанбе ва бо дарназардошти муроҷиати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1/д-09 аз 3 январи соли 2014, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

   

ҚАРОР МЕКУНАМ:

      1. Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории ярмаркаи фурӯши ниҳол, кӯчати гул ва тухми зироатҳо  22 феврали соли 2014 аз соати 07:00 то соати 18:00 дар ҳудуди таваққуфгоҳҳои назди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Саховат» ва ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди бозорҳои «Панҷшер»-у «Ганҷина» иҷозат дода шавад.

      2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. дар ҳамкорӣ бо раиси ноҳияи Фирдавсӣ Алиев С.А., Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.) саҳна ва шиору лавҳаҳоро ҷиҳати баргузории маросими ифтитоҳи чорабинӣ дар таваққуфгоҳи  назди ҶДММ бозори «Панҷшер» омода намояд.

      3. Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Амонов С.), КВД «Бозори Саховат» (Бобоев Х.), ҶДММ «Панҷшер» (Сабзаева Ҳ.), ҶДММ «Ганҷина» (Саидов Р.) ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.

4.   Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Авғонов З.) ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Исмоилов Р.) дар доираи салоҳияташон тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини риояи қоидаву меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддисӯхторӣ дар сана ва маҳали баргузории чорабинии мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

      5. Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.) ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С.) амнияту тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

      6. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

      7.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М. гузошта шавад.

        М. УБАЙДУЛЛОЕВ