Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 February 2014

24 феврали соли 2014  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, ки дар он масоили мубрами хоҷагидории шаҳр мавриди баррасии   шаҳрдор қарор гирифтанд.

Қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев ваъзи дарахтшинонӣ дар кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳои шаҳрро ба риштаи таҳлил кашида,   дастур фармуд, ки барои амалисозии нақшаҳои барномавӣ оид ба шинонидани ниҳолу дарахтони ороишӣ ва сояафкан, ки боду ҳаво ба он мусоидаткунанда мебошад, ба корхонаҳои сабзкории шаҳр аз ҷониби дигар сохторҳои шаҳрӣ кӯмак расонида шавад.

Дар ин росто  таваҷҷуҳи масъулинро ба омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори Наврӯзи хуҷастапай, муҳимтар аз ҳама мутобиқ ба анъаноти созандагии шаҳрдорӣ дар остонаи Наврӯз ибтидо бахшидан ба оғози корҳои бунёдӣ дар иншооти тарҳрезишуда ва ба истифодадиҳии иншооти сохтмонашон анҷомёфта ҷалб намуда, аз ҷумла роҳандозии  тадбирҳоро ба ифтитоҳи Боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати наздики 12 гектар бо дарахтони нодири наврӯзпаёму шаршара ва фаввораҳои муҳташам аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ бунёд гардидааст, махсус таъкид намуд.

Идома бар он бо тақвияти чораҳои ободонӣ дар шаҳр М. Убайдуллоев зикр сохт, ки дар партави омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии Душанбе чун пойтахти ҷумҳурӣ корҳои нақшавӣ оид ба таҷлили Рӯзи пойтахт низ, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел баргузор мегардад, зери масъулияти муовинони соҳавии Раиси шаҳр амалӣ карда шаванд.