Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 April 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №100 аз 3.04.2014

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар иншооти «Барқароркунии чокҳои деформатсионии кӯпруки канали Каскад Варзоб ГЭС, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ»

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар иншооти «Барқароркунии чокҳои деформатсионии кӯпруки канали Каскад Варзоб ГЭС, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Дар роҳи автомобилгарди иншооти «Барқароркунии чокҳои деформатсионии кӯпруки канали Каскад Варзоб ГЭС, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ» марҳила ба марҳила, аз ҷумла:

- қисмати шарқии кӯпрук аз 7 апрел  то 15 июни  соли 2014;

- қисмати ғарбии кӯпрук аз 16 июн то 31 августи соли 2014 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ манъ карда шавад.

2.   Вобаста ба муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Саидов Ф.Ҳ.), шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Турахонов С.Ч.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Камолов Ф.У.) самти ҳаракати нақлиёти мусофиркашро, ки аз иншооти «Барқароркунии чокҳои деформатсионии кӯпруки канали Каскад Варзоб ГЭС, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ» мегузаранд, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайрҳо тағйиру иловаҳо ворид намоянд.

3.   Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри   Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва пудратчии асосӣ, вобаста ба тағйири ташкили ҳаракат дар роҳ, дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёт  дар роҳ таъмин намоянд.

4.   Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри   Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад, ки барои танзими мунтазами алоқаи нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти  зикргардида, барои бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ҷораҳо андешад.

5.   Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият доранд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри   Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе хамаҷониба мусоидат намоянд.

6.   Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С.Қ.) барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас  андешад. 

7.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ