«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 April 2014

14 апрели соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ бо садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама  бо инобати  идомаёбии мавсими боришот ва пешгирӣ аз оқибатҳои боронҳои сел масъалаи ҳолати нигаҳдошту коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр ва ҷӯйборҳои атрофи роҳҳои автомобилгард ва ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ қарор гирифт. 

Дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ ва Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанберо, ки дар иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 97 аз 3 апрели соли 2014 «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир ва пешгирикунандаи ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими боронгариҳо ва пешгирии рух додани селу обхезиҳо» масъулияти шахсӣ доранд бори дигар муваззаф намуд, ки бо ҷалби тамоми потенсиали мавҷуда коршоямии иншооти марбутаи хизматрасонро дар мавсим ва берун аз он таъмин сохта, баҳри тақвияти фаъолияти ситодҳои амалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. 

Ҳамзамон дастур гардид, ки Комиссияи доимии марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе назорати ҷараёни омодагиҳо ва ҳолати коршоямии иншооти мазкурро дар таносуби ноҳияҳои шаҳр пурзӯр ва раисони ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор нисбати бартарафсозии иншооти ғайриқонуние, ки дар болои каналу селпартоҳо ё худ ҷӯйборҳо бунёд гашта, ба фаъолияти онҳо халал эҷод мекунанд чораҳои фавриро амалӣ созанд.

Дар ҷаласа инчунин дигар масъалаҳои хоҷагидории шаҳр, аз қабили назорати сифати оби нӯшокӣ баҳри таъмини амнияти истеъмолии сокинон, вазъи санитарию экологӣ, пешгирии савдои кӯчагӣ, таъмир ва нигаҳдошти роҳҳо, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба истифодаи мақсадноки замину пешгирии ғасби худсаронаи он аз тарафи шахсони воқеию ҳуқуқӣ  ва омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи пойтахт аз ҷониби шаҳрдорӣ матраҳ гардида, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид.