Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 April 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 134 аз 15 апрели соли 2014

 

Дар бораи ҷамъбасти озмуни

«Беҳтарин нозири минтақавии сол»

 

            Бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии  милитсия дар  таъмини тартиботи ҷамъиятӣ,  амнияти шаҳрвандон, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ  ва таҳкими робитаи онҳо бо ҷомеа дар пойтахт, бо дарназардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1291 аз 30 июни соли 2012 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» ва бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 111-6 аз 28 феврали соли 2013 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 589-1 аз 26 сентябри соли 2012 «Дар бораи тақвияти чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар самти пешбурди назорати ҷамъиятии фаъолияти субъектҳои хизматрасон ба аҳолӣ, корҳои ободонӣ ва густариши робита бо институтҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

 

ҚА Р О Р    М Е К У Н А М:

1. Протоколи замимагардидаи Комиссияи озмун  аз 14 апрели соли 2014 вобаста ба ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» тасдиқкарда шуда, нозирони минтақавии зерин ғолибони озмун дониста шаванд:

-Калонов Муродмад Мадгадоевич, подполковники милитсия, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №26 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҷойи якум;

-Маҳмудов Ҳокималҷ Рамазонович, майори милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №7 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм;

-Акобиров Саидмуҳаммад Саидхонович, лейтенанти калони милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №15 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ҷойи сеюм.

2. Ба ғолибони озмун барои ҷойи аввал 15 000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ, ҷойи дуюм 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ, ҷойи сеюм   10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва ба ҳар як ғолиб Шаҳодатномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо сабти ному насаб, соли озмун ва навиштаҷоти «Беҳтарин нозири минтақавии сол» бо имзои Раиси шаҳри Душанбе дар Рӯзи пойтахт ба таври тантанавӣ супорида шавад.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 37 000 (сию ҳафт ҳазор) сомонӣ ҷиҳати пардохти мукофотпулии дар банди 2 Қарор зикргардида ҷудо намояд.

4. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) мувофиқи тартиби муқарраргардида пардохти маблағи зикршударо сари вақт таъмин намояд.

     5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

    6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

        М.УБАЙДУЛЛОЕВ