«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 April 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №144 аз 18.04.2014

 

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури Ø = 325 мм, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур

 

         Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозҷ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатҷ дар шаҳри Душанбе №1/125 аз 8 апрели соли 2014-ро баррасҷ намуда, бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №545-17 аз 19 сентябри соли 2013  «Дар бораи ғолиби тендер»  оид ба «Азнавсозии кӯчаи Н.Муҳаммад (аз хиёбони Рӯдакҷ то кӯчаи Дӯстии халқҳо)» ҷиҳати таъмир ва пайваст намудани қубури Ø=325 мм дар кӯчаи Н.Муҳаммад буриши кӯчаи Лоҳутҷ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатҷ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

              1. Нақшаи замимашудаи чорабиниҳои мувофиқагардидаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозҷ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатҷ дар шаҳри Душанбе оид ба  муваққатан аз соати 0800 то соати 2400 рӯзи 21апрели  соли 2014 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури  Ø=325 мм, воқеъ дар кӯчаи Н.Муҳаммад, буриши кӯчаи Лоҳутҷ  ҷонибдорҷ карда шавад.

              2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни таъмир ва пайваст намудани қубури Ø=325 мм, воқеъ дар кӯчаи Н.Муҳаммад, аз буриши кӯчаи Лоҳутии ноҳияи Шоҳмансур, интиқоли оби нӯшокҷ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Шоҳмансур, аз ҷумла, кӯчаҳои Бухоро, Ҳусейнзода, Истаравшан, Мичурин, Бофанда, академикҳо Раҷабовҳо, Деҳлавҷ, Лоҳутҷ, Н.Муҳаммад, аз хонаҳои №1 то №10, бинои истиқоматии кӯчаи Беҳзод 1 ва хиёбони Рӯдакҷ, аз хонаҳои №15 то №49 қатъ мегардад.

              3. Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои 12 соат захира намоянд.

               4. Раиси ноҳияи Шоҳмансур Бобоев С.Қ. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш, сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокҷ таъмин намоянд.

                   5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирҷ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокҷ мутобиқба талаботҳои санитарию эпидемиологҷ таҳти назорат қарор диҳад.

                   6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.  гузошта шавад.

                                                                                 М.УБАЙДУЛЛОЕВ