Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 May 2014

Оиди тасдиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №91-1 аз 1 апрели

соли 2014 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои

марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими

тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015»

          

            Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 ва ба роҳ мондани фаъолияти муътадилу самараноки онҳо дар давраи зимистон, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 8 ва 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 

ҚАРОР  МЕКУНАД:

            1. Қарори Раиси шаҳри Душанбе №91-1 аз 1 апрели соли 2014 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» тасдиқ карда шавад.

            2. Қарори мазкур тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шавад.

            3. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои Қарори мазкур барои мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе истиқомат ва фаъолият менамоянд, ҳатмӣ мебошад.

           4. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии худ бо ҷалби сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои хизматрасонии нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ (ширкатҳои соҳибмулкони манзил, кооперативҳои моликони манзил, кооперативҳои манзилӣ – сохтмонӣ, сардорони биноҳо), корхонаву ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва сокинони дар ҳудуди ҳавза истиқоматкунанда корҳои сафарбаркунии аҳли ҷамоатчигиро баҳри омодагии бинову иншоот барои қабули гармӣ, омодасозии маҳалла, шаҳрак, ҳар як кӯча, нигоҳдориву тозакунии кӯчаву майдончаҳои истироҳатии умумӣ, роҳравҳо, системаи ирригатсионии обҷамъкунӣ, истифодабарии оқилонаи моликияти ҷамъиятиву коммуналӣ ба роҳ монанд.

            5. Ба мақсади таъмини назорати шаффофи ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №91-1 аз 1 апрели соли 2014 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» Комиссияи ҷамъиятӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.

           6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои саноат ва энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, меъморӣ шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ, илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг, гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои динию ғайриҳукуматӣ гузошта шавад.

 

                Раиси

Маҷлиси вакилони халқи                          М. УБАЙДУЛЛОЕВ

         шаҳри Душанбе

 

 

                       Замима

    ба Қарори Маҷлиси вакилони

           халқи шаҳри Душанбе

 № 183-18 аз 24 апрели соли 2014

 

 

Ҳайати

Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба назорати ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №91-1 аз 1 апрели соли 2014 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015»

 

 

1.     Каримов Т.Б. – фаъоли гурӯҳи фейсбукчиён, роҳбари комиссия;

2.     Мусоева Р.Ғ. – директори Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ҷонишини роҳбари комиссия;

 

Аъзои комиссия:

3.     Саидов Ҷ.Ҳ. – раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

4.     Ҷалолов Ш. – раиси Кумитаи шаҳрии Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон

5.     Сафиаллоев С.Ғ. – котиби якуми Кумитаи шаҳри Душанбеи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон;

6.     Наимов З. – раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон;

7.     Амиршоева Г.С. – сармуҳаррири рӯзномаи «Вечерка».