Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 May 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №191  аз13 майи соли 2014

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар хиёбону кӯча ва роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе мавриди гузаронидани машқҳои хизматчиёни ҳарбӣ баҳри омодагӣ ба таҷлили 20-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳури Тоҷикистон

 

Муроҷиати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №25/409 аз 13 майи соли 2014 барраси намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.   Аз 15 то 24 майи соли 2014 дар роҳҳои автомобилгарди кӯчаи С.Айнӣ аз километри 9-ум - хиёбони Дӯстии халқҳо – кӯчаи Шотемур - хиёбони Рӯдакӣ – кӯчаҳои Теҳрон - Шероз - хиёбони И.Сомонӣ  ва бозгашт ба хиёбони Рӯдакӣ, ҷиҳати ҳамарӯза аз соати 1900 то 2300 барои гузаронидани машқҳои хизматчиёни ҳарбӣ – иштирокчиёни паради ҳарбӣ бахшида ба таҷлили 20 - солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ карда шавад.

2.  Вобаста ба муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Саидов Ф.Ҳ.), шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Турахонов С.Ч.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Камолов Ф.У.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро, ки аз кӯчаи С.Айнӣ (аз километри 9-ум то хиёбони Дӯстии халқҳо) хиёбони Дӯстии халқҳо (аз кӯчаи С.Айнӣ то гардиш ба кӯчаи Шотемур), кӯчаи Шотемур (аз гардиши кӯчаи Лоҳутӣ то хиёбони Рӯдакӣ), хиёбони Рӯдакӣ (аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то майдони Дӯстӣ), кӯчаи Теҳрон (аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Шероз), кӯчаи Шероз (аз кӯчаи Теҳрон то хиёбони Рӯдакӣ) ва хиёбони Исмоили Сомонӣ (аз гардиши кӯчаи Шероз то хиёбони Рӯдакӣ) мегузарад, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар таѓйирот ворид намоянд.

3.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С.Қ. ) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат, бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон, чораҷӯӣ намояд.

4.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

                                                                         М.УБАЙДУЛЛОЕВ