Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 May 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 223 аз 23.05.2014

 

Дар бораи баргузории Рӯзи байналмилалии

муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади татбиқи барномаҳои экологии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва бо инобати банди 5-и Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011, ҷиҳати омодагиҳо ба  90-солагии мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доро гардидани шаҳри Душанбе, эълон гаштани «30 моҳи ободонӣ» ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист 5- июн, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1.      Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории Рӯзи байналмилалии муҳити зист 5- июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе тасдиқ ва мавриди иҷроиш қарор дода шавад.

2.      Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист соати 9-00  5 июни соли 2014 дар майдони назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор карда шавад.

3.      Муовини Раиси шаҳри  Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ., раиси ноҳияи И.Сомонӣ Қурбонов А.Ҷ., Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Ҷураев А.Ш.), Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе (Саймуддинов А.С.), Раёсати маорифи шаҳри Душанбе (Фақеров Ҳ.Н.) ва Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Эшонқулов А.П.) барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабиниҳои зикргардида тадбирҳои амалӣ андешанд.

4.     Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С.Қ.) амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятиро дар ҷараёни баргузории чорабинӣ таъмин намоянд.

5.     Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

6.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе  Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ