Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 May 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №201-1 аз 17.05.2014


           Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор - 2014»

 Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд сохтани растаниҳои нашъаовари худрӯй ва тақвияти мубориза бар зидди муомилоти ѓайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1. Дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе аз 20 май то 30 ноябри соли 2014 амалиёти «Кӯкнор-2014» гузаронида шавад.

         2. Бо мақсади таъмини роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ташкил ва гузаронидани  амалиёти «Кӯкнор-2014 Ситоди кории шаҳрӣ дар ҳайати заммимагардида таъсис дода шавад. (замимаи №1)

          3. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи душанбегии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ситоди корӣ нақшаи кори Ситодро бо мақсади ташкили ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ таҳия ва то 30 майи соли 2014 гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро ҷиҳати муоинаи заминҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе таъсис намоянд.

          4. Ситоди шаҳрӣ дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2014» на камтар аз як маротиба дар ду моҳ ҷаласаҳо гузаронида, ҳамзамон дар ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани амалиёт, ба ошкору пешгирӣ ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадор, шахсони ба хариду фурӯши ѓайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ташкил ва нигоҳ доштани ҷойҳои истеъмол ва фурӯши онҳо, воридоти онҳо ба шаҳр (баровардан аз шаҳр) машѓуланд, диққати махсус диҳад.

         5. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ситодҳои марбутаи ноҳиявиро таъсис ва оид ба ташкил ва гузаронидани амалиёти мазкур дар якҷоягӣ бо шуъбаи душанбегии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ чораҳо андешанд.

         6. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» инъикоси ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор - 2014» ва натиҷаи чорабиниҳои марбут ба онро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин созанд.

         7. Ситоди шаҳрӣ аз натиҷаи фаъолият дар давраҳои якум ва дуюми амалиёт то 15 июл ва 1 декабри соли 2014 мутобиқи замимаи №2 ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба чораҳои андешидашуда ахборот ирсол намояд. 

         8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми   Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.                     

М.УБАЙДУЛЛОЕВ