Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 May 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 215  аз 20 майи  соли 2014

 Дар бораи баргузории озмуни кушоди байналмилалӣ барои ороиши технологӣ ва мавзӯии  хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе

 Бо мақсади рушду такомули фаъолияти рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳр баҳри истиқболи сазовор аз 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бо истифода аз  таҷриба ва технологияҳои муосири рекламавӣ ҷолибтар намудани ороиши мавзӯии кӯчаву хиёбонҳо, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20-и  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Барои ороиши технологӣ ва мавзӯии  хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе баҳри истиқболи сазовор аз 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе миёни шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ аз 21 май то 21 июни соли 2014 озмуни кушод эълон ва ҳайати комиссияи озмунӣ бо тартибу талаботҳои техникии доир намудани озмун тибқи замимаҳои №1 ва №2 тасдиқ карда  шаванд.
  2. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) дар ҳамкорӣ бо ҳайати комиссияи озмунӣ ва ҳамоҳангӣ бо шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Талбаков А.А.) ва шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе баргузории озмуни мазкурро тавассути расонаҳои хабарии чопию электронӣ ба сохторҳои ватанию хориҷие, ки дар ороиши технологию мавзӯии пойтахтҳои кишварҳои пешрафта муваффақ гардидаанд, бетаъхир расонда, иштироки васеи субъектҳои марбутаро дар озмуни байналмилалӣ таъмин ва аз натиҷаи ҷамъбасти он хулосаи асоснокро ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.
  3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. ва Қурбонова Р. А. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

Замимаи №1

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№215 аз 20 майи соли 2014

 

Ҳайати

комиссияи озмуни кушоди байналмилалӣ барои  ороиши технологӣ ва

 мавзӯии  хиёбонҳою кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии шаҳри Душанбе

 

1.     Бахтӣ Меҳмон   раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон –

                                     раиси Комиссия (дар мувофиқа)

2.     Ширинҷонов Н. раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон -

                                 муовини раиси Комиссия (дар мувофиқа)

3.     Қурбонова Р.А.  – муовини Раиси шаҳри Душанбе                                                       

                                      муовини раиси Комиссия

4.   Юнусов Н.И.      директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ 

                                  ва ороиши шаҳри Душанбе» -  

                                     котиби масъули Комиссия

                        

Аъзоёни комиссия:

5.     Самадов А.        муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,

                                    вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри   Душанбе аз

                                     ҳавзаи интихоботии №40

6.     Юсупов Б.И.    – раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, 

                                    вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри   Душанбе

                                    аз ҳавзаиинтихоботии № 57

Холиқова Т.М. – директори Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаҳри Душанбе,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №1

7.     Мансуров Ҷ.М. – муовини Раиси шаҳри Душанбе

8.     Рабиев О.           – раиси Бунёди Мусаввараи Тоҷикистон.

9.     Файзуллоев Қ.   сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии

                                шаҳри Душанбе

Талбаков А.А.   – мудири шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе