Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 June 2014

Субҳи  26 июни соли 2014 Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе ба худ қабои идона ба бар карда буд. Дар ин иншооти муҳташам соати 9-00  ба ифтихори 17 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №250 аз 6 июни соли 2014 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе” ба муносибати 90-умин солгарди мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе, дар расми мутантан бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев хатнасури 360 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва тӯйи арӯсиву домодии 90 ҷуфт ҷавонон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе баргузор карда шуд.

Тибқи анъаноти худ шаҳрдорӣ 360 нафар кӯдаконро бо либосҳои идона,  туҳфа ва 1000 сомонӣ қадрдонӣ намуда, дар ошёнаи сеюми Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» дар ҳалқаи волидон баҳрашон дастурхони тӯёна орост.

Ба ҳар як 90 ҷуфт ҷавонон бошад либосҳои шинами шаҳиву арӯсӣ ва 5000 сомонӣ ҷиҳати харидории ҷиҳози рӯзгор тақдим карда шуданд.

Пас аз анҷоми расми ақди никоҳ, барномаи фарҳангӣ ва дарёфти ҳидояту дуои неки падаронаи Раҳбари давлат, ки бори нахуст ҷараёни ин тантана тавассути мониторҳо барои сокинон мустақиман дар саҳни бинои Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» пахш гардид, соати 12-00 тӯйҳои арӯсию домодии навхонадорон бо иштироки наздикону волидонашон бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар асоси ташаббуси  эҳсонкории роҳбарони тарабхонаҳои «Истаравшан» (ноҳияи Фирдавсӣ), «Самандар» (ноҳияи Сино), «Шаҳрисабз» (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ва каҳвахонаи  «Помир» (ноҳияи Шоҳмансур) доир карда шуданд. 

Дар маҷмуъ барои доир намудани ин тӯйҳои хайриявӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ беш аз 960 ҳазор сомонӣ маблағҳои ғайрибуҷетӣ масраф гардиданд.