«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 July 2014

Шоми 2 июли соли 2014  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба андешидани тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон ва иҷрои дастурҳои шаҳрдор аз 30 июни соли ҷорӣ дар  ин хусус баргузор гардид.

         Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа бо хулоса аз таҳлилҳои мавҷуда таваҷҷуҳи масъулини сохторҳои зидахл ва комиссияҳои ҷамъиятиро ба назорати қатъии риояи муқаррароти нархҳои тавсиявӣ нисбати 20 намуди маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар моҳи шарифи Рамазон нигаронида, дастур фармуд, ки баҳри таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ғановати бозори истеъмолӣ алайҳи дилхоҳ ҳолатҳои судхурию хилофкорӣ чораҳои оштинопазир бо таблиғи ҳар кадоме дар воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ роҳандозӣ карда шавад.

Насби камераҳои мушоҳидавӣ бошад дар тамоми дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои коммуналӣ ва хусусӣ новобаста ба фарҷоми муҳлати муайянгардида бояд сареъан таъмин карда шавад.   

Зимнан баҳри дастгирии соҳибкорон – воридкунандагони 20 намуди маҳсулоти ниёзи аввалия муқаррар кард, ки нисбаташон имтиёзҳои андозӣ татбиқ намуда, дар тамоми бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ тӯли як моҳ аз чинишҳои яквақтаинаи бозорӣ озод карда шаванд.

         Дар ҷаласа иқдоми ҶСШК “Комбинати шири Душанбе” оид ба ҳамарӯза  дар моҳи Рамазон 20 кг гӯшти хушсифат тибқи рӯйхати аз ҷониби раисони маҳаллаю шаҳракҳо пешниҳодшаванда ба оилаҳои ниёзманд тариқи ройгон дастрас намудан ҷонибдорӣ карда шуд.

Ҳамзамон дастур гардид, ки барои баргузории ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар заминаи бозорҳои шаҳри Душанбе ба дилхоҳ субъектҳои соҳибташаббус мусоидат ва нисбати воридоти маҳсулот аз ҷониби роҳбарияти бозорҳо ҳамарӯза пешбурди мониторинг аз тарафи комиссияҳои марбута ба роҳ монда шуда, омодагиҳо баҳри ғановати бозорҳо дар иди Рамазон ва Қурбон оғоз карда шавад.

Инчунин дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба мониторинги ғайрикасбии нархҳо дар бозори истеъмолии шаҳр нисбати маълумоти омории Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ намуда, ба сардори Раёсати мазкур Ворис Муродов охирин огоҳӣ муқаррар кард.

Гузашта аз ин масъулияти ғанигардонии ҳамарӯзаи бозори истеъмолӣ дар шаҳр  бо маводи ғизоӣ бевосита ба зиммаи роҳбарони аввали корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур, «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон» ва бозорҳои хусусии дар қаламрави шаҳри Душанбе фаъолияткунанда вогузор ва мониторинги ин раванд ба раисони комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  ва ноҳияҳои он вобаста карда шуд.

Баҳри пешбурди назорат оид ба иҷрои муқаррароти мавҷуда дастур гашт, ки ҳамарӯза шомгоҳон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти марбутаи шаҳрдорӣ дар ин самт ва сохторҳои масъули назорату комиссияҳои ҷамъиятӣ доир карда шаванд.