Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 July 2014

Таҳлилҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи аввали сипаришавандаи  моҳи Рамазон шаҳодат медиҳанд, ки тадбирҳои андешидаи шаҳрдории Душанбе дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеаи соҳибкорию тоҷирии шаҳр, баҳри таъмини коҳиши нархҳои 20 намуди маҳсулоти ниёзи аввалия натиҷаҳои судманд медиҳанд.

Рақамҳои омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 3 июли соли 2014 собит месозанд, ки нархҳои 20 намуд маҳсулоти дар марзи шаҳр танзимшаванда назар ба шаҳру ноҳияҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот мутаносибан аз нархи бозорҳои Турсунзода ( карам -2, 0, равғани растанӣ-8,0,  шакар-5,0 сомонӣ), Ҳисор (бехпиёз-1,8, шакар-5,0, гӯшти гов-38 ва гӯсфанд-40 сомонӣ), Рашт (картошка-3,0, бехпиёз-2,0, сабзӣ-3,0, карам -3,0, помидор -3,0, бодиринг-3,0, шакар-5,0, тухм-0,80,  биринҷ-9,0, равғани растанӣ-10 сомонӣ), Ваҳдат (картошка-2,0, сабзӣ-2,3, бодиринг-2,3, шакар-5,0, гӯшти гов-37, харбуза- 15 сомонӣ), Хуҷанд (картошка-2,4, шакар-5,0, харбуза -15  сомонӣ) паст ба фурӯш гузошта мешаванд.

Гузашта аз ин баъд аз мудохилаи шаҳрдорӣ ба ин раванд ба ҳолати 4 июли соли ҷорӣ нархҳои 25 намуди маҳсулоти мониторингӣ  дар бозори истеъмолӣ  нисбати 1 июли ҳамин сол 19% коҳиш ёфтанд.