Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 July 2014

Дар даҳаи аввали  моҳи Рамазон коҳиши нархҳои 20 намуди маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозори истеъмолии шаҳр бо субот нигоҳ дошта шуданд.

Рақамҳои омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 7 июли соли 2014 собит месозанд, ки нархҳои 20 намуд маҳсулоти дар марзи шаҳр танзимшаванда назар ба шаҳру ноҳияҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот мутаносибан аз нархи бозорҳои Турсунзода ( биринҷ- 8.0, равғани растанӣ-8.0,  шакар-5.1, тухм- 0.7, орди навъи якум -2.9 сомонӣ), Ҳисор (бехпиёз-1.7, сабзӣ -2.5,  шакар-5.0, тухм- 0.7, гӯшти гов-37 ва гӯсфанд-38 сомонӣ), Рашт (картошка-2.8, бехпиёз-2.0, сабзӣ-3.0, карам - 3.0, помидор -2.5, бодиринг-3.0, шакар-5,0, тухм-0.8,  биринҷ- 9.0, равғани растанӣ-10 ва орди навъи якум- 3.0 сомонӣ), Ваҳдат (картошка-2.0, сабзӣ-2.5, карам- 2.0, шакар-5.0, равғани растанӣ-8.5, тухм-0.73, гӯшти гов-37, харбуза- 15 сомонӣ), Хуҷанд (картошка-2.3, шакар-5.0, равғани растанӣ- 8.0, сомонӣ) ва Қурғонтеппа (картошка-2.3, бехпиёз-2.0, сабзӣ -2.7, равғани растанӣ-7.5, тухм-0.75 ва орди навъи якум 2.9 сомонӣ) паст ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар асоси тадбирҳои андешидаи шаҳрдорӣ дар ин самт ба ҳолати 7 июли соли ҷорӣ нархҳои 20 намуди маҳсулоти мониторингӣ  дар бозори истеъмолӣ  нисбати 27 июни ҳамин сол 25-22% коҳиш ёфтанд.