Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 July 2014

Шаҳрдории Душанбе ба хотири  дастгирии тамоми табақаҳои иҷтимоии аҳолии шаҳр ва ғановату пурфайзгардонии дастурхони идонаи моҳи шарифи Рамазон дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо соҳибкорон - молистеҳсолкунандагон, комиссияҳои назорати ҷамъиятии Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ мутобиқ ба дастури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 25-27 июли соли равон  (рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе) дар 24 маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ, 20 маҳаллаи ноҳияи Сино, 17 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур ва инчунин дар маҳаллаҳои алоҳидаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ    аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз соати 18 то 21 фурӯши шир бо нархи 3 сомонӣ, шакар 4 сомонӣ, тухм барои 10 дона 6 сомонӣ, гӯшти гов 35 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли ватанӣ то 8 сомонӣ, биринҷӣ истеҳсоли Покистон ва Таиланд 4-4,5 сомонӣ ба фурӯш мегузоранд.

Ҳамзамон дар ин рӯзҳо аз ҷониби ҶСП «Комбинати шири Душанбе» дар даромадгоҳҳои тамоми бозорҳои шаҳр  фурӯши шир аз соати 8 то 17-30 бо нархи 3 сомонӣ ва аз тарафи соҳибкорону молистеҳсолкунандагон  гӯшти гов 35 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 36 сомонӣ, биринҷи истеҳсоли ватанӣ то 8 сомонӣ, биринҷӣ истеҳсоли Покистон ва Таиланд 4-4,5 сомонӣ ва шакар 4 сомонӣ ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд.

Дар асоси тафоҳумоти мавҷуда тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият рӯзҳои зикргардида маҳсулоти ниёзи аввалия бо нархҳои зерин ба фурӯш гузошта мешаванд:

- 1 кг  орди навъи якум то 2,7 сомонӣ, ё худ як халта орди 

   50 кг то 135 сомонӣ

- нон  (200 г) 1 сомонӣ

- хлеб (400 г)  2 сомонӣ

- шир 3 сомонӣ

- макарон 1 кг 4,5 сомонӣ

- биринҷи маҳаллӣ 1 кг то 8 сомонӣ

- биринҷӣ истеҳсоли Покистон ва Таиланд 1 кг аз 4 то 4,5

   сомонӣ

- каротшка то 1,7 сомонӣ

- пиёз то 1,5 сомонӣ

- сабзӣ то 2,5 сомонӣ

- карам то 1,6  сомонӣ

- гӯшти гов то 35 сомонӣ,

- гушти гӯсфанд то 36 сомонӣ

- помидор то 2 сомонӣ

- бодиринг то 2,5 сомонӣ

- равғани пахта то 7 сомонӣ

- 10 дона тухм то 6,5 сомонӣ

- шакар 4 сомонӣ

- чака то 7 сомонӣ

- тарбуз 1 кг -1 сомонӣ

- харбуза 1 кг – 2 сомонӣ