Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 July 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  № 326 аз  23  июли  соли 2014

Дар бораи ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ дар  шаҳри Душанбе ба муносибати иди шарифи Рамазон

Бо мақсади ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ дар  шаҳри Душанбе ба муносибати иди моҳи шарифи Рамазон дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо молистеҳсолкунандагон, субъектҳои хоҷагидорӣ, соҳибкорон, фурӯшандагон, комиссияҳои назорати ҷамъиятии Мақомоти намояндагии маҳаллии хокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

ҚАРОР     МЕКУНАМ:

 1. Пешниҳоди  молистеҳсолкунандагон, субъектҳои хоҷагидорӣ, соҳибкорон ва фурӯшандагон дар шаҳри Душанбе  бобати аз соати 5 то 8-и субҳ ва аз соати 18 то 21 рӯзҳои 25, 26 ва 27 июли соли 2014 тибқи ҷадвали замимаи №1 дар 24 маҳаллаи ноҳияи Фирдавсӣ, 20 маҳаллаи ноҳияи Сино, 17 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур ва 11 маҳаллаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аз соати 8:30 то 17:30 дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе (Корхонаҳои воҳиди давлатии  бозорҳои «Саховат», «Деҳқон», «Шоҳмансур» ва «Қарияи Боло») ба фурӯши чакана гузоштани 1 литр шир бо нархи 3 сомонӣ,  1 кг шакар 4 сомонӣ, 10 дона тухм 6 сомонӣ, 1 кг гӯшти гов 35 сомонӣ, 1 кг биринҷи истеҳсоли ватанӣ то 8 сомонӣ ва 1 кг биринҷи истеҳсоли Покистон ва Таиланд аз 4 то 4,5 сомонӣ ҷонибдорӣ карда шавад.  

2. Номгӯй ва нархи фурӯши чаканаи 20 намуд маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ барои рӯзҳои 25, 26 ва 27 июли соли 2014 дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ тибқи замимаи №2 қобили қабул дониста шавад.

3. Масъулияти ташкил ва баргузории ҳатмии фурӯши ярмаркавии маҳсулоти зикргардида дар шаҳраку маҳаллаҳо бевосита ба зиммаи раисони ноҳияҳои шаҳр (Фирдавсӣ – Алиев С.А., Сино- Сафаров З.А., Шоҳмансур – Бобоев С.Қ ва И. Сомонӣ – Қурбонов А.Ҷ.) ва дар ҳудуди бозорҳо ба зиммаи роҳбарони аввали бозорҳои коммуналӣ ва хусусии  шаҳри Душанбе вогузор  карда шавад.

4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С.Қ.), Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Исмоилов Р.К.), Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе (Қармишев Б.Д.) ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаҳои зиддисухторӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ ва беҳдошти маҳсулоти кишоварзию амнияти истеъмолии сокинон дар бозорҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо дар рӯзҳои зикргардида тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

5. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос намоянд.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур дар ноҳияҳои дар банди 3 (cеюм) –и ҳамин Қарор зикргардида мутаносибан ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б.М., Хайруллоев Н., Ҳакимов Н.Ҳ. ва Қурбонова Р.А. вогузор карда шавад.

                                                                                     М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Замимаи №2

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№326 аз 23 июли соли 2014

 

Номгӯи

20 намуд маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ва нархҳои воқеии аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятӣ тавсияшаванда барои рӯзҳои 25, 26 ва 27 июли соли 2014 дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият:

 

Номгӯи маҳсулот

Воҳиди ченак

Нархи тавсиявӣ

(сомонӣ)

1

Орди навъи 1-ум

кг

то 2,7 (як халтаи

50 кг - 135 сомонӣ)

2

Нон (200г)

дона

 1,0

3

Хлеб (400г)

дона

 2,0

4

Шир

литр

 3,0

5

Макарон

кг

 4,5

6

Биринҷ

кг

то 8,0 (ватанӣ),

4,0 - 4,5

(покистонӣ ва тайландӣ)

7

Картошка

кг

то 1,7

8

Пиёз

кг

то 1,5

9

Сабзӣ

кг

то 2,5

10

Карам

кг

то 1,6

11

Гӯшти гов

кг

то 35,0

12

Гӯшти гусфанд

кг

то 36,0

13

Помидор

кг

то 2,0

14

Бодиринг

кг

то 2,5

15

Равғани пахта

литр

то 7,0

16

Тухм

10 дона

6

17

Шакар

кг

 4,0

18

Чакка

кг

то 7,0

19

Тарбуз

кг

 1,0

20

Харбуза

кг

 2,0

 

 

Ҷойгиршавии нуқтаҳои фурӯши гӯшт, шир, шакар, тухм ва биринҷ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе аз 5-00 субҳ то 8-00 ва аз соати 18-00 то 21-00 дар  рӯзҳои 25,26 ва 27-уми июли соли 2014