Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 August 2014

31 июли соли 2014 Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, шўроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, субъектҳои хизматрасонӣ, соҳибкорӣ, институтҳои шаҳрвандию кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Қабл аз оғози кори иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фаъолияти дастаҷамъонаи сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, роҳбарони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва комиссияҳои назорати ҷамъиятии аз ҳисоби воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ва гурўҳи фаъолони Фейсбук созмонёфта, ки дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳр баҳри ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва дар ин замина ба танзим даровардани нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои коммуналию хусусӣ масъулият доштанд, изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин росто 33 нафар масъулон ва молтаъминкунандагонро аз 700 то 1500 сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр қадрдонӣ намуд.

Ҳамзамон эълом дошт, ки дар асоси хулосаҳои комиссияҳои марбутаи назорати ҷамъиятии мутазаккира бинобар ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додан дар бозорҳо директорони корхонаҳои воҳиди давлатии бозори «Саховат» ва «Деҳқон»  Халил Бобоев ва Искандар Мадохиров аз вазифа сабукдўш гардида, Саймаҳмуд Муминов директори корхонаи воҳиди давлатии бозори «Деҳқон» таъин ва муваққатан иҷро намудани вазифаи директори корхонаи воҳиди давлатии бозори «Саховат» ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа Бурҳон Назаров вогузор карда шуд.

Инчунин таъкид гашт, ки барои таъмин накардани талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолияти бозори хусусии «Ҳайдарӣ», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ қатъ гардида, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайякунандаи бозори хусусии «Муросо», воқеъ дар ноҳияи Сино мавриди таҳқиқи прокуратураи шаҳри Душанбе қарор дода мешавад.

Сипас, Вакилон бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рўзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

- Оид ба ҷараёни иҷроиши Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани Рўзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо» ва «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай»;

 

            - Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назаров Б. М. дар бораи ҷараёни татбиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2008 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт»;

- Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н. Ҳ. дар бораи ҷараёни татбиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №97-10 аз 12 июли соли 2012  «Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо Сафялоев С.Ғ. «Дар бораи ташкили фаъолияти муназзами хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши истифодаи умум дар хатсайрҳои амалкунандаи ҳудуди шаҳри Душанбе»;

- Ҳисоботи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кўчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе дар бораи рафти иҷроиши Қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои номгузорӣ ва номивазкунӣ;

- Дар бораи номивазкунии кeчаи Молодая гвардияи  шаҳри Душанбе;

-  Дар   бораи    номивазкунии    кучаи     Крупскаяи    шаҳри Душанбе;

- Дар бораи номгузорӣ  намудани  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35  шаҳри Душанбе;

         - Дар бораи номгузорӣ намудани литсейи №1 шаҳри Душанбе.

- Дар бораи номгузорӣ намудани  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 шаҳри Душанбе;

        - Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №87 шаҳри Душанбе;

        - Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №97 шаҳри Душанбе;

- Дар  бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №36;

            - Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, шуруъ намуданд.

 

Зимни натиҷагирӣ аз ҷараёни иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани Рўзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо» ва «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай», ки аз ҷониби раисони ноҳияҳо гузориш дода шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дод, ки фаъолияти густурда бо ҷалби васеи ҷамоъатчигӣ барои ободонию беҳдошти муҳити зист, ба тартиб даровардани намои бинову иншоотҳо, сабзкорию хуррамнигаҳдории дарахту буттаҳо, таъмири ҷории роҳу пиёдаравҳои маҳаллаву шаҳракҳо ва аз байн бурдани иншооти ғайриқонунӣ роҳандозӣ карда шавад.

Зимнан раисони ноҳияҳоро муваззаф сохт, ки аз мавзеъҳои бартарафкарда баровардани масолеҳи сохтмониро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд, то ки бар асари анҷоми ин фаъолият харобазорҳо ба миён наомада, боиси нороҳатии  сокинон ва ғализии муҳити зист гардад.

Идома бар он, баҳри беҳдошти муҳити зист ва ҳолати санитарии нуқтаҳои партовҷамъкунии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва таъсиррасонӣ бобати баланд бардоштани масъулияти сокинон дар ин самт, муқаррар сохт, ки шурўъ аз 5 августи соли ҷорӣ барориши партовҳои сахти маишӣ аз ҷониби сокинони аз 16 - сола боло ба роҳ монда шуда, зимни аз тарафи кўдакони хурдсол  мушоҳида кардани ин амал волидонашон ҷарима карда шаванд.

                Барои таъмини иҷрои муқаррароти мазкур ҳамарўза аз соати 8:00 то 20:00 навбатдорӣ аз ҳисоби сокинон ташкил карда шуда, назорати ҷамъиятӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ва фаъолони гурўҳи Фейбук роҳандозӣ карда мешавад.

            Дар иҷлосия вакилон бо баррасии амиқ нисбати дигар масъалаҳои ба рўзнома шомилбуда қарорҳои дахлдор қабул намуда, ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №36 Оев Абдулҳақ Мансуровичро бинобар сабаби вафот пеш аз муҳлат қатъ карданд.

            Ҳамзамон дар асоси пешниҳоди  Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кўчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кeчаи Молодая гвардия ба номи меъмор Рустам Каримов, кўчаи Крупская ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ашўр Сафар, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ба номи Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон Рустамбек Юсуфбеков, литсейи №1 шаҳри Душанбе ба номи Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои Тоҷикистон Ниёз Сафар,  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 шаҳри Душанбе ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ,  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №87 шаҳри Душанбе ба номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Шодӣ Ҳаниф ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №97 шаҳри Душанбе ба номи собиқ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдулҳақ Оев номгузорӣ карда шуд.