Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 August 2014

2 августи соли 2014 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ихтисосии шаҳрдорӣ оид ба тақвияти омодасозии шаҳри Душанбе барои гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва истиқболи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини сохторҳои марбута доир гардид.

Дар ҷаласа оид ба татбиқи муқаррароти Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум дар ин хусус, зикр гашт, ки то 31 августи соли ҷорӣ рӯзҳои сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе, ҷумъа ва нимаи аввали шанбе ҳамарӯза тамоми потенсиали роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои марбута бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ барои ободонию беҳдошти муҳити зист, ба тартиб даровардани намои бинову иншоотҳо, сабзкорию хуррамнигаҳдории дарахту буттаҳо, таъмири ҷории роҳу пиёдаравҳои маҳаллаву шаҳракҳо ва аз байн бурдани иншооти ғайриқонунӣ роҳандозӣ карда мешавад.

             Дар иртибот ба ташкили низоми фаъолияти пурсамари ниҳодҳо дастур гардид, ки назорати ҷамъиятӣ таври доимӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ва фаъолони гурӯҳи Фейбук пурзӯр карда шуда, инъикоси ин ҷараён тавассути Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» ба роҳ монда шавад.

             Ҳамзамон ба роҳбарони субъектҳои хоҷагидории соҳибтавозуни хатҳои муҳандисӣ ва элементҳои роҳ супориш шуд, ки дар ин муддат беҳдошту азнавсозии онҳоро таъмин карда, фаъолияти бонизоми соҳаро ҷиҳати хизматрасонӣ зери назорат қарор диҳанд.

             Инчунин роҳбарони комиссияҳои давлатии қабули иншооти сохтмонаш ба итмомрасида муваззаф гардиданд, ки бо ҷалби мутахассисони касбӣ қабули иншоотҳоро роҳандозӣ намуда, дар сурати мушоҳида кардани нуқсу камбудиҳо новобаста аз таъинот ва муҳлати ба истифода додани онҳо ҷиҳати ислоҳашон аз ҷониби фармоишгар ва ширкатҳои пудратӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.