Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 August 2014

9 августи соли 2014 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии ихтисосии шаҳрдорӣ оид ба тақвияти омодасозии шаҳри Душанбе барои таҷлили 23-солагии Истиклолияти давлатӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва истиқболи 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини сохторҳои марбута ва соҳибмулкони меҳмонхонаву бозорҳои шаҳр доир гашт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фаъолияти роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои марбута, ки  бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ барои ободонию беҳдошти муҳити зист, ба тартиб даровардани намои бинову иншоотҳо, сабзкорию хуррамнигаҳдории дарахту буттаҳо, таъмири ҷории роҳу пиёдаравҳои маҳаллаву шаҳракҳо ва аз байн бурдани иншооти ғайриқонунӣ роҳандозӣ карда шудааст, изҳори нигаронӣ карда, дастур фармуд, ки ҳар кадоме фаъолияташонро бознигарӣ намуда, ҳамарӯза соати 18:30 нисбати корҳои анҷомдода ба Раиси шаҳр ахбор манзур созанд.

Роҳбарони 16 меҳмонхонаҳои давлатию хусусӣ ва кулли бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ муваззаф гардиданд, ки бо ба ифоқа овардани ҳолати санитарию экологӣ ва роҳандозии сатҳи баланди хизматрасониҳо ба қабули меҳмонон омода бошанд.

          Вобаста ба пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ аз рафти корҳои омодагӣ дар ҷаласа фаъолони гурӯҳи Фейбук ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ дар таносуби ноҳияҳо таври зайл сафарбар карда шуданд: Сино – Абдуллоев Зафар ва рӯзномаи «Вечерний Душанбе», Фирдавсӣ – Мараимов Раҷабалӣ ва рӯзномаҳои «Мароми пойтахт», «Вечёрка», Исмоили Сомонӣ - Амиршоева Гулнора ва рӯзномаи «Паёми Душанбе», радиои «Ватан», Шоҳмансур - Викторова Анна ва радиои «Азия - Плюс».

          Дар ҷаласа нисбати таъмин накардани назорати дахлдор оид ба барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳр аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе Абдусалим Ҷураев аз вазифа сабукдӯш гардида, ҳамзамон Рустам Баротов – директори КВД «Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва Давлатманд Саидов - директори КВД «Бозори Саховат» таъин карда шуданд.