Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 September 2014

20 сентябри соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳҳи Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳолати санитарию экологӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, пешгирии савдои кӯчагӣ ва таъмини амнияти истеъмолию ғановати бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввалия, безараргардонии сагҳои дайду ва ҳолати таъмиру нигаҳдории роҳҳо, инчунин омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар иртибот ба ҳар кадом ба масъулин дастуру супоришоти дақиқ ироа карда шуд. 

Дар ин зимн аз прокуратураи шаҳр ва комиссияҳои марбутаи депутативу ҷамъиятӣ даъват гардид, ки назорати дахлдорро дар ҳамаи  самтҳои   хоҷагидории шаҳр аз рӯи фаъолият ва иҷрои вазифаҳои таъинотии роҳбарони субъектҳои хоҷагидории шаҳр пурзӯр намоянд.

Бо дахли масоили татбиқу риояи Маромномаи сокини пойтахт ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби бошандагони пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулини шаҳрдорӣ ва Раёсати вазорати корҳои дихилӣ дар шаҳри Душанбе дастур фармуд, ки нисбати рафъи амалҳои номатлуби талбандагӣ дар шаҳр, ки мутассифона зиёдаравии ин  раванд вақтҳои охир ба мушоҳида мерасад, чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро муассир амалӣ созанд.

Дар ҷаласа инчунин аз ҷониби Раиси шаҳр нисбати санаи баргузории тантанаҳои истиқболи ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе таҷдиди назар карда шуд, ки мутобиқ ба он ҷашнвораи мазкур 18-19 октябри соли 2014 доир карда мешавад.

Тибқи ин муқаррарот 18 октябр дар Коҳи Ваҳдат ҷаласаи тантанавӣ бо консерти идона ва нимаи дуюми ҳамон рӯз тантанаҳои марбута дар чор боғҳои фарҳангӣ ва фароғатии шаҳр дар сатҳи ноҳияҳо ва 19 октябри соли 2014 дар боғи Наврӯзгоҳ Карнавали идона  баргузор мегардад, ки дар он дилхоҳ сокини шаҳр имкон дорад фаъолона ширкат варзад.

Бо мақсади омодасозии шаҳр ба ин ҷашни мавлудӣ дар ҷаласа қарор гардид, ки ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар ҳудуди пойтахт бо ҷалби васеи  сокинону субъектҳои хоҷагидорӣ ҳашари умумишаҳрӣ доир карда шавад.