«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 September 2014

ҚАРОРИ  МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 212 -19 аз 31.07. соли 2014

 

Дар бораи номгузорӣ намудани

литсейи №1 шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади ҷовидон гардонидани номи  Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои Тоҷикистон Ниёз Сафаров, ки дар рушди маориф саҳми арзанда гузоштааст, бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №55 аз 30 майи соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани Номгeи мутобиқи қонунгузорӣ ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки дар тараққиёти пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ё ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», мутобиқи моддаҳои 8 ва 9  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Точикистон»,  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

                                     

ҚАРОР МЕКУНАД:

1. Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати  шаҳри Душанбе ба номи Ниёз Сафар номгузорӣ карда шавад.

2. Раёсати маорифи шаҳри Душанбе  масъалаҳои ҳуҷҷатгузории муассисаи таълимиро ба тартиб дароварда, дар он нишонаҳои марбутаро насб созад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А.  гузошта шавад.

 

              Раиси

    Маҷлиси вакилони

    халқи шаҳри Душанбе                                 М.  УБАЙДУЛЛОЕВ