Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 October 2014

Дар  бораи  эълон намудани   озмун  барои  ишғоли

вазифаҳои    директорони     Муассисаи    давлатии

коммуналии   «Душанбенақлиётхадамотрасон»   ва

корхонаҳои  коммуналии  воҳиди давлатии «Автобус-1»,

 «Автобус-2»,  «Автобус-3» ва «Троллейбус»-и Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

         

                                    ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

          1.Барои ишғоли вазифаҳои директорони  Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва корхонаҳои коммуналии  воҳиди  давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва  «Троллейбус»-и  Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ  дар  шаҳри  Душанбе  аз 13  октябр то  14  ноябри  соли  2014 озмун  эълон ва натиҷаи он на дертар аз  18  ноябри   соли 2014  ҷамъбаст  карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

 

     М.УБАЙДУЛЛОЕВ

    

Эълон

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаҳои директорони Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва корхонаҳои коммуналии  воҳиди  давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3»  ва  «Троллейбус»-и  Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ  дар  шаҳри  Душанбе аз 13 октябр то 14 ноябри   соли 2014 озмун эълон менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаҳои директорони Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва корхонаҳои  коммуналии  воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои зеринро:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи    

  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

 

ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

         Довталаб бояд ҳатман маълумоти олӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дар соҳаи нақлиёт дошта бошад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то  18 ноябри  соли 2014.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56,   221-35-68  муроҷиат  намоянд.