Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 October 2014

Субҳи 17 октябри соли 2014 тантанаҳои сатҳи шаҳрии ҷашни 90-солагии мақоми пойтатро доро гардидани шаҳри Душанбе  дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев оғоз гардид.

Дар ин ҳамоиши идона, ки бо ширкати сокинони 90-солаи шаҳри Душанбе ва собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо  сурат гирифт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар яки онҳоро нисбати дар масири солҳо вобаста аз имкониятҳо  дар пешрафти шаҳр саҳми арзанда гузоштанашон  изҳори миннатдорӣ намуд.

Ҳамзамон бо эътимод аз потенсиали ҳар кадомашон даъват ба миён овард, ки минбаъд низ дар амалисозии барномаҳои шаҳрдорӣ, тақвияти фарҳанги шаҳрнишинию тарбияи наслҳои ҷавон дар роҳи ватандӯстӣ ва таъмини ҳамзистии осоиштаи сокинони шаҳр нақши бориз дошта бошанд.

Қобили зикр мебошад, ки дар арафаи ин ҷашни бошукуҳ  бо Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе 85 нафар сокинони 90-солаи шаҳр ва 66 нафар собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо бо маблағҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Барои ин иқдом аз буҷети шаҳр 161 ҳазор сомонӣ бо инобати ба 20 нафар сокинони 90-солаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1500 сомонӣ ва  65 нафар сокини 90- солаву 66  нафар собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо 1000  сомонӣ, масраф гардид.