Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 November 2014

Ҳайати бонуфузи бародаршаҳри Душанбе  аз Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳти раёсати Губенатори Санкт-Петербург ҷаноби Георгий Сергеевич Полтавченко  дар доираи баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе шоми 6 ноябри соли 2014 ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати масъулони шаҳрдорӣ самимона истиқбол намуда, ба пойтахт хайрамақдам гуфт.

Субҳи 7 ноябр, сароғоз ҷаноби Георгий Сергеевич Полтавченко  дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ – дар Маҷмааи меъмории Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон, инчунин дар оташи ҷовидони Маҷмааи мемориалии Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гулчанбарҳо гузошт.

Сипас, дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  суҳбати хосаи Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ҷаноби Георгий  Полтавченко  сурат гирифта, идома бар он, таҳти раёсати шаҳрдорон мулоқоти ҳайати ҷонибҳо оид ба баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ, ки фарогири самтҳои васеи робитаҳои мутақобилан судманд мебошанд, баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев  қабл аз ҳама бо пазиройии самимӣ аз меҳмони олиқадр ва ҳайати бонуфузи он, зикр намуд,  ки ҳанӯз 6 октябри соли 1991 шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баст ва дар ин рузҳо аз ин сана 23 сол пур мешавад. Баҳри густариши ҳамкориҳо бошад 30 апрели соли 1999 Созишномаи нав дар бораи паймони бародаршаҳрӣ ва Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расиданд.

Ҳамзамон афзуд, ки тақозои вақт ва реалияти муносибатҳои бародаршаҳрӣ мебошад, ки самтҳои ҳамкориҳои мутақобила баҳри расидан ба ҳадафҳои судманд, ки ба нафъи сокинони шаҳрҳо нигаронида шудаанд васеъ карда шаванд. Мувофиқ ба мақсад мебошад, ки дар ҷодаи бунёди корхонаҳои саноатии муштарак, коркарди маҳсулоти агросаноатӣ, воридоти технологияи каммасрафи нерӯи барқ дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, ҷалби инвеститсия ва соҳибкорони Санкт-Петербург оид ба рушди соҳибкории хурду миёна, интиқоли таҷҳизоти пешрафтаи тиббию саноатӣ, ҳамкориҳо дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, нигаҳдории инфраструктураи шаҳрӣ, маорифу тандурустӣ, таъминоти мактабҳои русии шаҳр бо китобу лавозимоти дарсӣ, афзудани квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии шаҳри Санкт-Петербург, ташкили курсҳои омӯзиши забони русӣ ва имтиҳонҳои мавҷуда барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи омӯзишгоҳхои касбии шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароитҳои арзанда барои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ потенсиали мавҷуда сафарбар карда шаванд.

Ҷаноби Сергей Полтавченко бо пазироӣ аз пешниҳодоти Маҳмадсаид Убайдуллоев аз омодагии қавии худ ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки доираи васеи субъектҳои қонунгузорӣ ва хоҷагидории шаҳри Санкт-Петербугро муаррифӣ менамоянд, иброз дошта, таъкид сохт, ки амалпаймоии ин иқдомот дар муносибатҳои бародаршаҳрии ҷонибҳо саҳифаҳои наву боэътимодро боз мекунад. Ва дар доираи Рӯзҳои Санкт-Петербург як идда Созишномаҳои муфид ба имзо расонида мешаванд. Инчунин аз Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват ба миён овард, ки дар соли 2015 дар фурсати барояшон муносиб нисбати баргузории Рӯзҳои Душанбе дар Санкт-Петерург  барномарезӣ намояд.

Қобили зикр мебошад, ки дар ин мулоқоти судманд масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар сатҳи нав роҳандозӣ намудани ин раванди характери глобалидошта ҳамчун яке аз масъалаҳои калидӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт ва ҷонибҳо аз омодагии хеш бобати бастани Меморандум байни Ҳукумати Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои марбут ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ изҳор доштанд.

Дар фарҷоми мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Георгий Полтавченко аз  натиҷаи тафоҳумоти бадастомада  ва нақшаҳои минбаъдаи рушди муносибатҳои бародаршаҳрӣ барои доираи всаи воситаҳои ахбори омма гузориши матбуотӣ доданд.

Тибқи барномаи Рӯзҳои Санкт-Петербург Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Георгий Полтавченко сипас ба  Кохи Ваҳдат ташриф оварда, бо иштироки доираи васеи ҳайати ҳарду ҷониб ба кори Конференсия оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, ки фарогири мизҳои мудаввар оид ба мавзӯъҳои “Ҳамкориҳо дар соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ”, “Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф”, “Ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ” ва барпо намудуани Биржаи равобити корхонаву муассисаҳои шаҳрҳои  Санкт-Петербург ва Душанбе  мебошад, оғоз бахшиданд. Дар ҷараёни ин ҳамоиш аз тарафи Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Георгий Полтавченко Меморандум байни Ҳукумати Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои марбут ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонида шуд.

Сипас, М. Убайдуллоев ва Г. Полтавченко ба МД “Душанбе-Плаза” ташриф оварда, дар ҳузури аҳли зиё ва ҳаводорони санъати баланди тасвирӣ Намоиши мусаввараҳои рассоми тоҷиктабори шаҳри Санкт-Петербург хонум Матлуба Яҳеёваро, ки дар Тоҷикистон низ маҳбубияти хоса дорад, ифтитоҳ намуда, бобати касбияти мавсуф, зарфиятҳои мардуми Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангдӯстонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи инкишоф ва ташаккули фарду шахсият дар ҷомеаи муосири тоҷикон махсус таъкид намуданд. 

Бо назардошти тақвими баргузории Рӯзҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Георгий Полтавченко бо ҳайати ҳамроҳон аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар ин мактаб,  билхоса таълим бо забони русӣ  ҷараён дорад, зимни пазиройии беҳамтои мактабиён дидан намуда, бо ширкат  дар раванди дарсҳои таълимӣ аз шароит ва  имкониятҳои фароҳамгардида  барои муҳассилон изҳори болидагиву қаноатмандӣ карданд.

Гузашта аз ин, дар толори ин мактаб барои меҳмонони олиқадр аз ҷониби мактабиён барномаи ҳунарӣ пешкаш карда шуд, ки воқеан шоистаи таҳсин ва бозгӯи зарфиятҳои мактабҳои пойтахт мебошад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Георгий Полтавченко бо изҳори таҳнияти беназир ба ҳамаи коллективҳои омӯзгории шаҳр, аз ҳар кадоме даъват ба миён оварданд, ки дар роҳи тарбияи насли наврас, чун аввалин мураббӣ, нахустин омӯзгоре, ки ҳарфи муҳаббат ва садоқат ба модар –Ватанро омӯхта, дар самти пажӯҳиши мактабиён оид ба азхудкунии арзишҳои тамаддуни башарӣ ҳиссагузор ҳастанд, бо касби донишҳои муосир беш аз ҳарвақта масъулияти омӯзгориро пеша намоянд ва дар доираи сиёсати ҳукмфармои давлатӣ ва густариши равобити бародаршаҳрӣ табодули таҷриба ва  гуфтугӯи  реалии мактабиёнро ба роҳ гузоранд.

Дар тақвияти ин андешаҳо ва собитсозии воқеияти сухан, дар ҳузури шаҳрдорон аз ҷониби маъмурияти мактабҳои №92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва  №261-и ноҳияи Кирови шаҳри Санкт-Петурбуг Созишномаи ҳамкориҳои байнимактабӣ ба имзо расонида шуд. 

Дар ин ҷараён, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Георгий Полтавченко аз қароргоҳи 201-ум Пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Россия боздид анҷом дода, тибқи барномаи сафари меҳмони олиқадр дар назди муҷассамаи афсари ҳангоми хизмати ҳарбӣ дар 201-ум Пойгоҳи ҳарбии Федератсияи Россия ҳалокгардида гулузорӣ намуда, бо шиносоӣ аз шароити будубоши онҳо, баъдан бо суханрониҳои пурмуҳтавои хеш дар толори Кохи Ваҳдат ба  барномаи консертии оркестри камеравии “БИС-КВИТ”-и шаҳри  Санкт-Петерубруг ҳусни оғоз бахшиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи Рӯзҳои Санкт-Петербург дар муассисаҳои алоҳидаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе маслиҳатҳои тиббии табибони шаҳри Санкт-Петербург ба сокинони Душанбешаҳр дар соҳаҳои ҷарроҳии дили кӯдакон, анестезиология, гинекология, неврология ва тибби оилавӣ ва семинар-мубоҳиса бо иштироки табибони шаҳри Санкт-Петербург роҷеъ ба масъалаҳои мубрами ҷарроҳии дили кӯдакон, анестезиология, гинекология, неврология ва тибби оилавӣ низ сурат гирифтанд.