Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 November 2014

Дар  бораи   даъват   намудани   иҷлосияи

           бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

           Душанбе  даъвати  чорум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

            1.Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум 21 ноябри соли 2014,  соати  800, дар  толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» даъват карда шавад.

            2.Ба рӯзномаи иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

         2.1.Ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  №183 – 18 аз 24 апрели соли 2014 «Оиди тасдиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №91-1 аз 1 апрели соли 2014 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015».

        2.2.Ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ Рауфӣ А. дар бораи рафти иҷрои  Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №27-3 аз 23 сентябри   соли 2010  «Дар бораи чораҳо оид ба ҳифз, нигаҳдошт ва  истифодаи  самараноки  моликияти  коммуналии  дар  ҳудуди корхонаҳои воҳиди давлатии бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Саховат»-и шаҳри Душанбе».

2.3.Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №175-17 аз 19 декабри соли 2013 «Дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оиди иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2013, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт барои соли 2014 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012».

2.4.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №57 Юсупов Б. Н. оид ба иҷрои ваколатҳои худ.

2.5.Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №12.

2.6.Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №29.

2.7.Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ дар ҳайати замимагардида дар асоси мувофиқа таъсис дода шавад.

4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ирсол намоянд. 

5.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.)  тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро бо истифода аз воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ  ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур гардонад.

 6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.                                                                          

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

           

Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№ 547 аз 11 ноябри соли 2014

 

Гурӯҳи корӣ

оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум

 

 

1.

Рауфӣ А.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси

  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе оид  ба

  буҷет, муқаррар намудани  андозу

  пардохтҳои маҳаллӣ, рушди  иқтисодию

  иҷтимоӣ, идора ва ихтиёрдории

  моликияти коммуналӣ,  роҳбари 

  гурӯҳи корӣ

Аъзо:

2.

Абдурасулов А. А.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони халқи   шаҳри Душанбе оид  ба

  масъалаҳои  меъморӣ, шаҳрсозӣ, 

  сохтмон ва ободонӣ 

3.

Алимаҳмедова Н.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба 

  масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди

  варзиш ва сайёҳӣ

4.

Каримова М.Х.     

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси

  вакилони халқи шаҳри  Душанбе оид ба

  масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ,   ҳифзи

  модар ва кӯдак

5.

Сафялоев С.Ғ.     

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе оид  ба 

  масъалаҳои  нақлиёт, коммуникатсия ва

  беҳдошти роҳҳо

6.

Сатторӣ И.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси

  вакилони халқи шаҳри  Душанбе оид ба

  масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,  санитарӣ

  ва байторӣ

7.

Самадов А.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба

  ҳамкорӣ бо ташкилотҳои  худфаъолияти

  ҷамъиятӣ,  иттиҳодияҳои ҷамъиятию  

  ҳизбҳои  сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма

  ва ташкилотҳои динию ғайриҳукуматӣ

 

8.

Ҳабибов А.Ҳ.     

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси  

  вакилони   халқи шаҳри Душанбе оиди

  мусоидат ба шуғли  аҳолӣ,  муҳоҷирати

  меҳнатӣ, паст  кардани сатҳи  камбизоатӣ

  ва рушди соҳибкорӣ

9.

Шарипова Г.Х.   

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе оид  ба

  таъмини ҳуқуқу  озодиҳои инсон ва

  шаҳрванд ва мубориза бар  зидди 

  коррупсия

10.

Шарифов З.Р.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони   халқи шаҳри Душанбе оид  ба 

  масъалаҳои илм,  инноватсия, маориф ва

  фарҳанг

11.

Шарипов С.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба

  масъалаҳои саноат  ва энергетика

12.

Қурбонова Р.А.

- муовини Раиси шаҳри Душанбе

13.

Улмасов Ф.У.      

- роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.