Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 November 2014

 

ҚАРОРИ  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 444-1  аз 23 сентябри соли 2014.

 

 Дар бораи  муваққатан қатъ намудани интиқоли                 оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ», «Худҷореъ», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон»                   

 

       Бо мақсади  гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар доираи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти     № 91-1 аз 01.04.2014сол  «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе,  соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли  ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии  ҳамаҷонибаи  соҳаҳои  иҷтимоиёту иқтисодиёт ба  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.    Нақша-чорабиниҳои замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои  бо навбат  муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Фишорӣ», «Худҷореъ», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» бо мақсади омода намудани истгоҳҳо ба  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои                 2014-2015, тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмир ва васлкунии таҷҳизотҳо интиқоли оби нӯшокӣ  дар истгоҳҳои обтозакунии

 

I. Истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ»:

 

-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дьяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ;

оҳияи И.Сомонӣ: хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Озодии занон, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон аз соати 22:00 рӯзи 19 ноябр то соати 24-00 рӯзи 20 ноябри  соли 2014  қатъ мегардад.

 

II. Истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ»:

-ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Тельман, Анзоб, Гулистон, Зайнаб бибӣ, У.Хайём  ва Сари-Осиё, кӯчаҳои                      П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

-ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ,  Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2 кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷабовҳо ва Айнӣ аз           хонаи 1то 77;

-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои  Меҳробод, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамишкор ва Муҳандис, шахракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2;

-ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаи Қаҳҳоров, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, Н.Қарабоев, то кӯчаи Ҷомӣ, Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии ш. Душанбе аз соати 22:00 рӯзи 25 ноябр то соати 24-00 рӯзи  26 ноябри  соли 2014 қатъ мегардад.

 

III. Истгоҳи обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»:

-ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои  43, 64, 65 ва  кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ;

-ноҳияи Сино:  шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53 82, 83, 84, 103, 104, Гипрозем, 80-солагии Пойтахт,  кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф  Вафо,  Котовский,  Сулаймонӣ,  Тургенев,  Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи-нав, Ҳаёти нав аз соати 22:00 рӯзи 02 декабр то  соати  24:00 рӯзи 03 декабри  соли 2014 қатъ мегардад.

IV. Истгоҳи обтаъминкунии «Кофарниҳон»:

-ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупский-1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковский;

 

-ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Мирзобек, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Титов, Фучик, Коргар, Зафар, Гостелло, Улуғбек, У.Зоконӣ, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои Роҳи оҳан то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи Айнӣ, то гардиши Фурӯдгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва ДОК, аз соати 22-00 рӯзи 09 декабр то соати 24-00 рӯзи  10 декабри  соли 2014 қатъ мегардад.

3.  Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

     4. Раисони ноҳияҳои Фирдавсӣ - Алиев С.А., И.Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., Шоҳмансур - Бобоев С.Қ., Сино - Сафаров З.А. ва   директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5.    Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.) ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор дихад.

6.    Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

 7.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  якуми Раиси шаҳри Душанбе  Хайруллоев Н. гузошта шавад.

 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ