Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 June 2010

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №343 аз 11 июни соли 2010 «Дар бораи баргузории тендер» оиди «Сохтмони чоҳҳои нави обтаъминкунанда дар қитъаи 2-юми Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавию илмӣ-истеҳсолии «Гулпарвар» бо мақсади самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва фароҳам овардани шароити рақобати солим, ташкилотҳои сохтмонии пудратӣ ва ширкатҳои ватанию хориҷиро ба сифати «Иштирокчӣ»  аз 18 июни соли 2010 то рӯзи 9 июли соли 2010 ба озмун даъват менамояд.  

Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

- оинномаи корхона;

- иҷозатнома (литсензия) барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, васлкунӣ ва корҳои заминканӣ;

- кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);

- гувоҳномаи нозироти андоз;

- гувоҳномаи фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

- маълумотҳои иловагӣ оиди дараҷаи тахассусии кормандон;

- маълумотҳо оид ба хаҷми корҳои иҷрошуда дар 2-3 соли охир;

- маълумотнома оид ба техникаҳои дар тавозуни корхона мавҷуд буда;

- номгӯи корҳо бо назардошти ҳаҷми он дар доираи маблағи ҷудошуда;

- ӯҳдадорӣ оиди ба итмом расонидани корҳои таъмирӣ, мутобиқи меъёрҳои сохтмонӣ;

- пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

Ҳуҷҷатҳои озмуниро метавонед аз нишонаи зерин гиред:

шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 48«а», Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» ё бо Телефонҳо: 221-06-16, 221-03-80, 221-05-48 дастрас намоед.

Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкаммӯҳрзада  8 июли  соли 2010 то соати 1000 ба Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» (Фармоишгар) супорида шаванд.

Озмун рӯзи 9 июли соли 2010 соати 1700 дар бинои маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад.