Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 December 2014

8 декабри соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама роҳандозии назорати амалисозии барномаҳои тасдиқгардидаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли равон ва иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андоз ва буҷети шаҳр,  ғановати бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, вазъи санитарию экологӣ, ҳолати  зиддисӯхторӣ ва ҷараёни корҳои зимистонгузаронию омодагиҳо ба ҷамъбасти сол ва истиқболи Соли нав дар ҳудуди шаҳри Душанбе, баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев  зимни баррасии нишондодҳои иқтисодӣ дар соли сипаришаванда таваҷҷуҳи Раёсати андози шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онро ба иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андозҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ нигаронида дастур фармуд, ки якҷоя бо Сарраёсати молияи шаҳр ва дар ҳамкорӣ бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидори аз ин намуди андоз қарздорбуда ва раисони ноҳияҳо баҳри таъмини нишододҳои мутазаккира тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Ҳамзамон бо дахли масоили рафъи қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар субъектҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ, ки чунин  мушкилот тибқи маълумотҳои оморӣ дар ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ, қабл аз ҳама дар сохторҳои шаҳрии ШСХК «Барқи Тоҷик» ҷой доранд, масъулини шаҳрдорӣ ва шӯъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанберо вазифадор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти сохторҳои соҳибтавозун  чораҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.

Инчунин дар ҷаласа Раиси шаҳр бо инобати шурӯъ гардидани мавсими зимистонгузаронӣ аз прокуратураи шаҳр даъват ба миён овард, ки оид ба воқеияти ҳолати омодасозии бинову иншоот барои қабули гармӣ фаъолияти Муассисаи давлатии шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ва Ситодҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявиро вобаста аз имкониятҳои истеҳсоли нерӯи гармӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ва нақшаи фарогирии гармитаъминкунӣ дар мавсим мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор диҳад.