Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 December 2014

 

 

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №471-26  аз  30.10.2014

 

  Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  оид ба иҷрои «Барномаи  давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020»

 

           Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, № 427 «Дар бораи Барномаи  давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф»              

ҚАРОР МЕКУНАМ:

    1. Нақшаи  чорабиниҳои замимагардидаи  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  оид ба иҷрои «Барномаи  давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020»   тасдиқ карда шавад.

        2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе татбиқи ҳамаҷонибаи Нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.

        3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе  инъикоси васеи  Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

       4.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

                                            

 

                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ