«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 December 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №497 аз 11.11.2014

 

Дар бораи тасдиқи ҷадвали навбатдории шабонарӯзӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он

 

Бо мақсади таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳимми хоҷагидорӣ дар шаҳр ва зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати саривақт ҳаллу фасл намудани муроҷиат ва мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон оид ба хизматрасониҳо дар мавсими зимистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Ҷадвали замимагардидаи навбатдории шабонарӯзӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он тасдиқ ва муқаррар карда шавад, ки ҳангоми навбатдорӣ шахсони мансабдор барои таъмин ва назорати фаъолияти мунтазами соҳаҳои ҳаётан муҳим ва ҳаллу фасли фаврии мушкилоту ниёзмандиҳои сокинони шаҳр масъулияти шахсӣ доранд.

2. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

ҶАДВАЛИ

навбатдории шабонарӯзии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар мавсими зимистони солҳои 2014-2015