Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 December 2014

16 декабри соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси шаҳр ҷаласаи кории ихтисосии шаҳрдорӣ сурат гирифт, ки дар он ба муовини якуми Раиси шаҳр Хайруллоев Н., муовини Раиси шаҳр Мансуров Ҷ.М., раисони ноҳияҳои шаҳр  Сафаров З.А., Бобоев С.Қ., Алиев С.А., Қурбонов А.Ҷ., ва роҳбарони сохторҳои муҳандисии пойтахт: Атоев С.К.- директори ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», Раҳмонов М.Р. –  сардори Хадамоти  давлатии назорати энергетика дар  шаҳри Душанбе, Ниёзов Н.С.- директори Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, Табаров А.А. – директори Муассисаи давлатии шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ва Холматов Н.У. – сардори Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» вобаста аз зарурати сарфаҷӯии нерӯи барқ ва ба ин васила коҳиш додани сербории системаи ягонаи барқии кишвар  дар мавсими зимистон дастур дода шуд, ки низоми сарфаҷӯии барқро дар шаҳр таъмин карда, бо инобати қаблан огоҳонидани субъектҳои хоҷагидории алоҳида бобати дар фасли сармо  гузаштан ба сӯзишвории алтернативӣ назорати қатъиро роҳандозӣ намоянд ва  оид ба таъмин намудани фонди манзилӣ тибқи нақшаи фарогирӣ бо оби гарм ва гармитаъминкунӣ дар шаҳр бо дарназардошти истеҳсоли нерӯи гармӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи ШСХК «Барқи Тоҷик»  фавран аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода баранд. 

Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, ки баҳри коҳиш додани истифодабарии қувваи барқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки мутаассифона беш аз пеш ҳамарӯза аз меъёр зиёд гардида истодааст, мо бояд чораҳои мушаххасро амалӣ намоем.  Зеро нисбати 15-16 уми моҳи декабри соли 2013 дар 15-16 декабри соли равон  истифодабарии  шабонарӯзии қувваи барқ мутаносибан 18,9 ва 48,2 дар сад афзудааст, ки дар низоми маҳдудиятҳои интиқоли реҷавии барқ дар кишвар муросонопазир мебошад. 

Дар иртибот ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар намуд, ки тавассути роҳандозии корҳои васеи таблиѓотӣ миёни сокинон ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ – муштариёни Шабакаҳои барқии  шаҳр, даъват карда шавад, ки бо дарки масъулият  нисбати истифодабарии нерӯи барқ муносибат намуда, беш аз ҳарвақта фарҳанги сарфаву сариштакорона истифода кардани онро дар коргоҳу ҷойи зист риоя созанд ва дар ин ҷода сохторҳои марбутаи соҳавиро вазифадор кард, ки  тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Бо дарназардошти мубрамияти масъала шаҳрдорӣ аз ҳамаи сокинон ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ даъват менамояд, ки тамоми потенсиали мавҷударо бо дарки масъулият барои сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ сафарбар намоянд.

Раиси шаҳр ҳамзамон сохторҳои назорати давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятиро  муваззаф кард, ки бо роҳандозии рейдҳои муштараки доимӣ оид ба риояи ҳатмии ин муқаррарот аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ нисбати хилофрафторон тамоми тадбирҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ созанд.