Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 December 2014

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 572 аз 15 декабри соли 2014

 

  Дар  бораи   даъват   намудани   иҷлосияи

           бистудуюми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

           Душанбе  даъвати  чорум

 Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1.Иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум 25 декабри соли 2014,  соати  800, дар  толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» даъват карда шавад.

         2.Ба рӯзномаи иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

         2.1.Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2014, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2013».       

2.2.Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ дар ҳайати замимагардида тибқи мувофиқа таъсис дода шавад.

4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ирсол намоянд. 

5.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро бо истифода аз воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ  ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба рӯзномаи иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур гардонад.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.                                                                     

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

          

 

Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№572 аз 15 декабри соли 2014

 

 

Гурӯҳи корӣ

оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи бистудуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум

 

 

1.

Рауфӣ А.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси

  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе оид  ба

  буҷет, муқаррар намудани  андозу

  пардохтҳои маҳаллӣ, рушди  иқтисодию

  иҷтимоӣ, идора ва ихтиёрдории

  моликияти коммуналӣ,  роҳбари 

  гурӯҳи корӣ

Аъзо:

2.

Абдурасулов А. А.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони халқи   шаҳри Душанбе оид  ба

  масъалаҳои  меъморӣ, шаҳрсозӣ, 

  сохтмон ва ободонӣ 

3.

Алимаҳмедова Н.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба 

  масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди

  варзиш ва сайёҳӣ

4.

Каримова М.Х.     

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси

  вакилони халқи шаҳри  Душанбе оид ба

  масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ,   ҳифзи

  модар ва кӯдак

5.

Сафиалоев С.Ғ.     

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе оид  ба 

  масъалаҳои  нақлиёт, коммуникатсия ва

  беҳдошти роҳҳо

6.

Сатторӣ И.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси

  вакилони халқи шаҳри  Душанбе оид ба

  масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,  санитарӣ

  ва байторӣ

7.

Самадов А.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба

  ҳамкорӣ бо ташкилотҳои  худфаъолияти

  ҷамъиятӣ,  иттиҳодияҳои ҷамъиятию  

  ҳизбҳои  сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма

  ва ташкилотҳои динию ғайриҳукуматӣ

 

 

8.

Ҳабибов А.Ҳ.     

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси  

  вакилони   халқи шаҳри Душанбе оиди

  мусоидат ба шуѓли  аҳолӣ,  муҳоҷирати

  меҳнатӣ, паст  кардани сатҳи  камбизоатӣ

  ва рушди соҳибкорӣ

9.

Шарипова Г.Х.   

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони  халқи  шаҳри Душанбе оид  ба

  таъмини ҳуқуқу  озодиҳои инсон ва

  шаҳрванд ва мубориза бар  зидди 

  коррупсия

10.

Шарифов З.Р.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони   халқи шаҳри Душанбе оид  ба 

  масъалаҳои илм,  инноватсия, маориф ва

  фарҳанг

11.

Шарипов С.

- раиси Комиссияи доимии Маҷлиси 

  вакилони  халқи шаҳри Душанбе оид  ба

  масъалаҳои саноат  ва энергетика

12.

Улмасов Ф.У.      

- роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

 

13

Мусоева Ш.Р.

- директори Муассисаи давлатии  «Телевизиони Пойтахт»