Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 December 2014

Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Раиси шаҳри №216 аз 20 майи соли 2014 «Дар бораи таъсиси марказҳои омӯзиши қолинбофии дастӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои косибӣ дар шаҳри Душанбе» ва дар ин замина ба роҳ мондани ҷалби занону духтарони хонашин барои омӯзонидани қолинбофии дастӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ, армуғонсозӣ, заргарӣ ва дигар навъҳои косибӣ, таъмини рақобатпазирии бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, паст намудани арзиши аслии ин намуди маҳсулот дар шаҳри Душанбе ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ  мутобиқи  моддаҳои  19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 124 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 32 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ»  

                                  ҚАРОР МЕКУНАМ:

           1.Дар заминаи бинои моликияти коммуналии «Маркази ҷамъиятӣ барои 200 ҷой дар маҳаллаи «Равшангарон», воқеъ дар кӯчаи ба номи Рустам Каримови ноҳияи Фирдавсӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

          2.Гулмирзоев Алидод Шарифович, аз 22 декабри соли 2014, ба вазифаи директори Корхонаи воҳиди давлатии «Гулдастон»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи қарордоди меҳнатӣ таъин карда шуда, дар муҳлати як моҳ ҳуҷҷатҳои таъсисии корхонаро таҳия ва барои тасдиқ ба  Раиси шаҳри  Душанбе  пешниҳод  намояд.

        3.Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе ва Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба маълумоти ҳисоботӣ тағйироти дахлдор ворид созанд.

        4.Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М., раиси ноҳияи Фирдавсӣ Алиев С. А. дар ҳамоҳангӣ бо роҳбари корхонаи мазкур, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати ҷалби занону духтарони хонашин барои омӯзонидани қолинбофӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ, армуғонсозӣ, заргарӣ ва дигар навъҳои косибӣ дар корхонаи мазкур чораҳои амалӣ андешанд.

          5.Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Шоҳмансур - Бобоев С.Қ., И.Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., Сино - Сафаров З.А. ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе  Қурбонова Р.А., Мансуров Ҷ.М. бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда бо ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои истеҳсолии дар банди якуми ҳамин қарор зикршуда  ва бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани занону духтарони хонашин чораҳои мушаххас  андешанд.

         6.Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи   шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

                  7.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути  васоити ахбори омма таъмин намояд.

         8.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.  

                                                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ